ЗАБОНИ РУСӢ

0 84

      Кафедраи «Забони русӣ» аз моҳи августи соли 2020 бо фармони № 106/3 ҳамчун кафедраи мустақили фанни «Забони русӣ» таъсис ёфт ва то ин муддат дар тобеияти кафедраи умуми муассисавии «Забонҳо» фаъолият дошт.  Кафедра самти  фаъолияти худро аз рӯи «Низомномаи» муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Коллеҷ ба роҳ монда аст.

   Дар кафедра 6 нафар омӯзгорони асосӣ фаъолият мекунанд. Мудири кафедра Курбоналиева Л.Б., омӯзгорон Назаров Ҷ.Ш.,  Набиева Н.Х., Шарипов С.Р. ва Ҷалолов Ҳ.Ҷ фаъолият намуда истодааст. Дар кафедра 1 нафар номзади илм, 1 нафар унвоҷӯ, 3 нафар омӯзгори калон ва 1 нафар омӯзгори дараҷаи якум мебошанд.

     Кафедраи «Забони русӣ» аз рӯи нақшаи тасдиқ намудаи директори Коллеҷ, фаъолиятро ба роҳ монда, пайваста барои баланд бардоштани савияи дониши мусилин чорабиниҳои умумимуассисавӣ, аз ҷумла конференсияю семинарҳо ва викторинаҳоро дар байни донишҷӯйёни факултетҳо  ташкил менамояд. Аз ҷумла,  «Ҳафтаи забони русӣ (Неделя русского языка)», «Шабнишиниҳои бадеӣ (Литературный вечер)»,  «Сайри осорхонаҳои таърихӣ (Посещения исторических музеев )» ва ғайраҳо пайваста гузаронида мешавад.

МУДИРИ КАФЕДРАИ » ЗАБОНИ РУСӢ»
ҚУРБОНАЛИЕВА ЛАЙЛИ БОБОҚУЛОВНА

    Қурбоналиева Лайли Бобоқуловна (Тав 21 .08.1963 н. Фархор). Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2013). Хатмкардаи Донишкадаи  Давлатии педагогии  ш. Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1980-1985). Омӯзгори  мактаби миёнаи  таҳсилоти умумии  №3 шаҳри Кӯлоб (1985-1998). Солҳои 1998-2009 омӯзгори фанни забони русӣ дар мактаб-интернати Ҷумҳуриявии кӯдакони бепарастори шаҳри Кӯлоб. Аз 2009 то 2018 омӯзгори фанни забони русӣ, аз августи  соли 2018 мудири кафедраи “Забонҳо” ва аз сентябри  соли 2020 то ҳол ба ҳайси  мудири кафедраи “забони русӣ” дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” фаъолият дорад. Муаллифи зиёда аз 5 мақолаи илмӣ мебошад.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.