КОРИ ХАЙР ДАР АРАФАИ ИДИ РАМАЗОН!

0 72

       Дастгирӣ ва ғамхорӣ ба ятимону маъюбон ва аҳолии камбизоат яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат дар ҳама вохӯриҳояшон бо мардуми кишвар ҳамеша қайд менамоянд, ки хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон ва аҳолии камбизоат қарзи инсонӣ ва исломии ҳар фарди худоҷӯй ва инсондӯст аст.

Дар доираи ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Иттифоқҳои касабаи омӯзгорон ва донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” ба як қатор донишҷӯён ва кормандони эҳтиёҷманд кӯмакпулӣ тақдим карда шуд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.