«БИШНАВ АЗ НАЙ ЧУН ҲИКОЯТ МЕКУНАД!» 0 63 Мубодила кардан Дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» бо ташаббуси кафедраи «Забон ва адабиёти тоҷик» бахшида ба гиромидошти Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ санаи 29-уми сентябри соли 2022 Конференсияи илмӣ-бадеӣ зери унвони «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад» гузаронида шуд. Сараввал сухани ифтитоҳи ба муовини директор оид ба таҷрибаомӯзӣ Ҷаъфаров Рустам дода шуд. Мавсуф зимни суханрони қайд намуданд, ки ҳама донишҷӯёни муассисаро мебояд, дар баробари омӯзиши фанҳои тахассусӣ инчунин аз ашъори баландпояи ин шахсиятҳо шеърҳо ва қиссаҳои аз худ намоянд ва Маснавии Маънавиро китоби рӯйимизии худ қарор диҳанд. Инчунин дар рафти конфронс донишҷӯён аз ашъори безаволи устод Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ порчаҳои назмию насри қироат намуданд. Омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Ятимов Алишер дар мавзӯъи «Мақоми инсон дар ашъори Мавлоно» суханронии пурмӯҳтаво намуданд. Зимни суханронӣ қайд гардид, ки ба инсонҳо неки кардан ва дили як нафарро шод кардан аз ҷумлаи аъмоли шоиста ба ҳисоб рафта яке аз хислатҳои хуби инсони дониста мешавад. Дар фарҷоми конфронс мудирии кафедраи Забон ва адабиёти тоҷик Комилова Шафоат суханрони намуда ҳама ҳозирин ва дар симои эшон тамоми дӯстдорони шоиррро ба ин рӯз муборак бод намуданд. Пеш 1 то 8 саҳифа Баъдӣ 0 63 Мубодила кардан