ТАҚДИМИ СТИПЕНДИЯИ БА НОМИ ПРОФЕССОР РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ БА ДОНИШҶӮЁН

0 12

     Боиси хушнудист, ки дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” сол аз сол гирандагони стипендияҳои номӣ зиёд шуда истодаанд. Як нафар донишҷӯи мо ҳамасола дар асоси озмун гирандаи стипендияи Президентӣ ва се нафар донишҷӯёни дигар гирандагони стипендияи Раиси вилояти Хатлон мебошанд.

      Санаи 29 уми октябри соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” ба 10 нафар донишҷӯёни аълохон стипендияи ба номи профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз дар ҳаҷми ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд. Стипендияи мазкур бо ташаббус ва дастгирии яке аз фарзандони марҳум Раҳмонзода Р.А., Раҳмонов Бузургмеҳр Раҳматуллоевич таъсис дода шудааст ва ҳаҷми солонаи он 10 000 сомониро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки фарзандони Раҳмонзода Р.А. Бузургҷамил ва Бузургмеҳр Раҳмоновҳо дар ташкили осорхонаи профессор Раҳмонзода Р.А., ғанигардонии китобхонаи муассиса бо китобҳои дарсӣ аз фанни бемориҳои асаб ва беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассиса саҳми арзанда гузошта истодаанд. Аҳли омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса ба оилаи Раҳмонзодаҳо барои дастгирии ҳамаҷонибаашон дар рушду нумуи муассиса сипоси бепоёни худро иброз намуда, боварӣ дорем, ки чунин ҳамкориҳо солҳои минбаъада низ идома хоҳанд ёфт.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.