ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ҲАМШИРАИ ТИББИИ ОИЛАВӢ

0 37

      Санаи 25 уми октябри соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” аз тарафи кафедраи тибби оилавӣ озмуни “Беҳтарин ҳамшираи тиббии оилавӣ” ташкилу баргузор карда шуд. Дар озмун ду гурӯҳи донишҷӯён иштирок намуда, шартҳои озмунро, ки аз посух ба саволномаҳо ва иҷроиши малакаҳои ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ иборат буданд анҷом доданд. Донишҷӯёни ҳарду гурӯҳ аз иҷроиши малакаҳои ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ ва посух ба саволҳои аз тарафи ҳакамон пешниҳод гашта ба хубӣ баромаданд. Бояд қайд намуд, ки мақсади ташкили чунин озмунҳо аз боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониши назариявӣ ва амалии донишҷӯён иборат мебошад.    

      Дар охири озмун иштирочиёни фаъол бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.