КОНФЕРЕНСИЯИ МИНТАҚАВИИ ИЛМӢ-АМАЛИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ Ш. КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А.” ДОИР БА МАВЗӮИ “ДАСТОВАРДИ ИСТИҚЛОЛ”, БАХШИДА БА 30 ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар асоси нақшаи кории МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” барои соли таҳсили 2020-2021, бахшида ба 30 юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 июни соли 2021 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” конференсияи илмӣ — амалӣ доир ба мавзӯи “Дастоварди истиқлол” баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндагони муассисаҳои тандурустӣ, роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Данғара, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ иштирок доштанд.
Маводи конфронс бо теъдоди 150 адад аз чоп бароварда шуда, ба муаллифони мақолаҳо ва китобхонаҳо дастрас карда шуданд. Шумораи умумии мақолаҳои илмии ба чоп расида 64 ададро ташкил доданд, ки ба масъалаҳои вазъ, натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии олимони соҳа, омодасозии мутахассисони миёнаи касбии тиббӣ ва нигаҳдории солимии аҳолӣ бахшида шуда буданд.
Ба рӯзномаи конфронс маърӯзаҳои илмие ворид карда шуданд, ки имрӯзҳо аҳамияти калони илмӣ ва таҷрибавӣ доранд. Аз ҷумла дар конференсия маърӯзаҳо доир ба мавзӯъҳои ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди маориф ва тандурустии кишвар, дастовардҳои МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» дар тули 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, табобати бемориҳои урологӣ, ҷарроҳия, бемориҳои таъҷилии маҷрои ҳозима, хусусиятҳои ташхису табобати сирояти вируси тоҷдор (COVID-19), дастовардҳои соҳаи дорусозӣ дар даврони истиқлолият, ташхису табобати бемориҳои стоматологӣ, услубҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, автоматикунонии муассисаҳои тандурустӣ садо доданд.
Дар доираи барномаи конфронс ҳамаи масъалаҳои гузошташуда баррасӣ шуда, қарор қабул карда шуд, ки бандҳои зеринро дар бар мегирад:
ҷоннок намудани раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар кафедраҳои МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”, ҷоннок намудани ҳамкорӣ дар самти омодасозии кадрҳои илмӣ бо муассисаҳои таълимӣ-илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар;
баланд бардоштани сифати омода намудани мутахассисони миёнаи тиббӣ, тавассути мустаҳкамсозии пояи моддӣ-техникии таълимгоҳ, такмили ихтисоси омӯзгорон, баланд бардоштани сатҳи тахассуснокӣ ва дараҷанокии илмии омӯзгорон, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ, баланд бардоштани сифати таълим, истифодабарии услубҳо ва технологияи муосири таълим, ташкил ва истифодабарии васеи марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ва таълимӣ-табобатӣ, таҳия ва нашри адабиётҳои муосири таълимӣ;
баланд бардоштани самаранокии фаъолияти муассисаҳои ёрии аввалияи тиббӣ-санитарӣ, офиятӣ ва бемористонҳо доир ба пешгирӣ, ташхиси саривақтӣ ва табобат, офиятбахшӣ, пешгирии аворизҳои вазнин ва фавт дар мавриди бемориҳои сироятӣ, бемориҳои дохилӣ ва ҷарроҳӣ, патологияи ҳомиладорон ва навзодон, бемориҳои ҷарроҳӣ, саратонӣ, пӯсту зӯҳравӣ ва дигар бемориҳо;
васеъ ҷорӣ намудани дастовардҳои илми муосир, инчунин технологияи муосири ташхисӣ ва табобатӣ дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар раванди таълим;
тавсеаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ баҳри баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ ва илмии ҳайати кормандон, кормандони соҳаи тандурустӣ, мустаҳкамсозии пояи моддӣ-техникии таълимгоҳҳои миёнаи тиббӣ, муассисаҳои тиббӣ-профилактикӣ ва фарматсевтӣ;
вусъат додани корҳои маърифатӣ оиди баланд бардоштани дониши тиббии аҳолӣ, бо истифодабарии васоити ахбори умум, бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳо, ташхиси саривақтӣ ва пешгирии оризаҳои вазнин.
Азиззода З.А. – директори МДТ
“Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи
Раҳмонзода Р.А.”, номзади илмҳои тиб