ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ”

0 98

Санаи 22 май дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” чорабинии тантанавӣ, бахшида ба Рӯзи ҷаонон баргузор гардид. Чорабинӣ бо роҳпаймоии ҷавонон оғоз гардида, сипас дар толори коллеҷ конференсия доир ба мавзӯи “Ҷавонон нерӯи ояндасоз” баргузор гардид. Конференсия бо иштироки намояндагони шуъбаи кор бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб сурат гирифт. Дар он доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ва нақши ҷавонон дар рушду нумӯи кишвар маърӯзаҳо садо доданд. Сипас ба як гурӯҳ донишҷӯён барои саҳми арзанда гузоштанашон дар чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ, ободонӣ, рушди варзиш ва бо ин васила амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар ифтихорнома тақдим карда шуд. Конференсияро барномаи фарҳангӣ ҳусни анҷом бахшид.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.