ТАҶЛИЛИ РӮЗИ САРҲАДЧИЁН ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ”

0 45

Санаи 27 май дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”, бахшида ба Рӯзи сарҳадбонон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ собиқадорони ин ниҳоди қудратӣ даъват шуда буданд. Дар ҷамъомад меҳмонон, раёсати коллеҷ ва донишҷӯён доир ба саҳми арзандаи Қушунҳои сарҳадӣ дар пойдории амнияти давлатӣ, пешгирии воридшавии душманон ба хоки ватани мо маърӯзаҳо намуданд.

Дар ҷамъомад барои поси хотири яке аз ҷавонмардони шаҳри Кӯлоб, собиқ афсари Қушунҳои сарҳадӣ Азимов  Азамат Абдурањимович маърӯза пешниҳоди иштирокчиёни ҷаласа гардонида шуд. Азимов  Азамат Абдурањимович 16 январи соли 1979 дар шањри Кўлоб дар оилаи коргар тавалллуд  шудааст, миллаташ тоҷик. Соли 1986 қадами аввалини худро ба мактаби №1 гузошта, соли 1997 муассисаи мазкурро хатм кардааст.  Баъди хатми мактаб ӯ ба Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, онро соли 2000  хатм намудааст. Ҳамон сол ба Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рудакї дохил шуда, ин донишгоҳро дар соли 2005 хатм намудааст.  Баъди хатми Донишгоҳ ба Қушунњои сарњадӣ барои кору фаъолият сафарбар гардидааст.

Азимов Азамат варзишгари хуб буда, рудбаи њарбиаш капитан, бисёр писари хушрафтор ва хушгуфтор буд. Ў якчандкарата дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ аз гуштини «Тарзи озод», «Дзю-до» ва намуди бокс пирӯз гардида буд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон капитани Кушунҳои сарҳадии Амнияти миллии Тоҷикистон бо ордени “Шараф” сарфароз гардидааст. Шермарди тоҷик Азимов Азамат санаи 25 августи соли 2014 зимни муноқишаи сарҳадӣ бо ҳамсояҳои қирғиз ба ҳалокат расонида шуд. Азамат дар рафти ҷанг ярадор шуда, ба ин нигоҳ накарда то қатраи охирини хуни дар баданаш буда, майдони ҷанг ва зердастони худро тарк накарда,  дар натиҷа ҷони худро аз даст дод. Аз ӯ 3 фарзанд духтаронаш бо номи Шукрона, Аниса ва писараш Абубакр боқӣ мондаанд.

Азамат дар дили мо ва тамоми ҳамяроқонаш ҳамчун марди ҷасур ва бо нангу номус боқӣ мемонад. Ҷоят ҷаннат ва руҳат шод бод!

Зиндаам дар ормони миллатам,
Қувватам рўҳу равони миллатам.
Чун ситора нур пошам, бар ҷаҳон
Ҷовидон аз осмони миллатам.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.