РӮДАКӢ РАФТУ МОНД ҲИКМАТИ ӮЙ…

0 1 873

     Санаи 22 — сентябри соли равон бо ташабуси омўзгорони кафедраи «Забон ва адабиёти тоҷик» дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кўлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” ҳамоиши таълимию бадеӣ, бахшида ба бузургдошти «Рӯзи Рӯдакӣ» таҳти унвони «Рӯдакӣ рафту монд  ҳикмати ӯй…» баргузор гардид. Дар ҳамоиш донишҷӯён ва устодон бо маърӯзаҳо доир ба мавзӯъҳои “Рӯзгору осори–устод Абўабдуллоҳ Рӯдакӣ”, “Ривоятҳо аз зиндагиномаи шоир” суханронӣ намуданд. Аз тарафи гурӯҳи донишҷӯён саҳначаи бадеӣ аз ҳаёти устод Рӯдакӣ пешкаши иштирокчиёни ҳамоиш гардонида шуд, ки ба ҳамагон хеле писанд омад.

   Осори устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар ҳақиқат барои тамоми адабиётшиносони ҷаҳон бебаҳо аст. Яке аз шоирони гумноми ҳамзамони устод Рӯдакӣ дар марсияи ба ӯ бахшидааш чунин суханҳо гуфтааст:

                  Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,

                  Май бирезад, нарезад аз май бӯй

                  Шоират ку кунун, ки шоир рафт,

                  Набувад низ ҷовидона чун уй.

                   Чанд ҷӯйӣ чу ӯ? Наёбӣ боз,

                  Аз чун ӯ дар замона даст бишӯй!

      Дар ҳамоиш ба иштирокчиён филми таърихии «Қисмати шоир», муаллифи филмнома Сотим Улуғзода, коргардон Барис Кимёгаров, ки соли 1959 ба навор гирифта шуда буд намоиш дода шуд.

   Мудири кафедраи “Забон ва адабиёти тоҷик”- и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”         Комилова Ш.Т.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.