РӮДАКӢ РАФТУ МОНД ҲИКМАТИ ӮЙ… 0 3 300 Мубодила кардан Адабиёти навини мо, ки дар гузашта бо забони дариву паҳлавӣ ва тозику тозиг машҳур аст ба давраи салтанати Сомониён ва бо номи устоди суханварӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ алоқамандии ногусастанӣ дорад. Ин забон дар тӯли солҳо ба бисёр бархӯрдҳои таърих рӯ ба рӯ шуда, худро то ба имрӯз ҳифз кардааст. Замони зиндагии Рӯдакӣ марҳилаи наве барои забони тоҷикист, ки дар ин давра аввалин силсилаи навбунёди тоҷикон- Сомониён баъди истилои араб ба арсаи сиёсат омад ва бори дигар забони ниёгони худ-тоҷикиро дар шакли сифатан нав ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Бунёди бегазанди забони нави тоҷик, ки имрӯз ҳам дарёи бузурги он шодоб аст, дар асрҳои 9-10-и мелодӣ гузошта шудааст. Дар ташаккул ва таҳаввули нави забони тоҷикӣ, ки то асри 15 давом кард, адибону донишмандоне чун Рӯдакиву Фирдавсӣ, Фаррухиву Манучеҳрӣ, Синову Насируддини Тусӣ, Хайёму Ҷомӣ ва садҳо шоирону нависандагони дигар саҳм гузоштаанд. «Маликушшуаро»-и дарбори Сомониён Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар байни мардуми тоҷикзабон ҳамчун поягузори адабиёти классик эътироф гардида, шӯҳрати ҷаҳониро соҳиб гаштааст. Дар сарчашмаву маъхазҳо, баъзе тазкираву осори адабии то ибтидои асри 20 ва пажӯҳишу таҳқиқоти илмии беш аз 200-сола роҷеъ ба рӯзгори сипаришуда ва мероси адабии Рӯдакӣ, аз ишораҳои ҷузъӣ сар карда, то китобҳову монографияи алоҳида гуфтаниҳои зиёде гуфта бошанд ҳам, боз масъалаҳои ҳалношудаву баҳсталаб зиёданд. Бори аввал ба таҳқиқу омӯзиши Рӯдакӣ ва осори ӯ дар асри 19 шарқшиносони Аврупо шуруъ намуданд. Яке аз онҳо шарқшиноси олмонӣ Ҳерман Эте буд, ки дар соли 1873 китобе дар шарҳи рӯзгори устод Рӯдакӣ навишта, аввалин маротиба шеърҳои ӯро гирд овард. Аммо ин донишманд дуруст таваҷҷуҳ накард, ки дар маъхазҳои ашъори зиёде саҳван ба номи Рӯдакӣ сабт шудааст. Саҳву хатоҳои маъхазҳои шарқӣ ва донишмандони Ғарбро муҳаққиқи англис Дениссон Рос бори аввал ислоҳ намуд ва дар Рӯдакишиносӣ донишмандонро огоҳӣ дод, ки ҳар чи ба номи Рӯдакӣ дар маъхазҳо сабт шудааст на ҳама аз Рӯдакӣ аст. СОЛИ 1926 ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАЪРАКАИ ТАРҒИБИ МАКТАБУ МАОРИФИ НАВ РӮЙ БА МЕРОСИ ГУЗАШТА ВА ПЕШ АЗ ҲАМА БА ШАХС ВА ОСОРИ РӮДАКӢ ОВАРД. ВАЗОРАТ АҲАМИЯТИ РӮДАКӢ ВА ОСОРИ ӮРО ДАР БОЙ ГАРДОНИДАНИ ҶАҲОНИ МАЪНАВИИ МАРДУМ ТАЪҚИД НАМУДА, ЯКЕ АЗ РӮЗҲОИ НАВРӮЗРО РӮЗИ РӮДАКӢ ВА ТАБЛИҒУ ТАРҒИБИ ЭҶОДИЁТИ ШОИР ЭЪЛОН НАМУД. УСТОД АЙНӢ БАРОИ МАРДУМИ ҶУМҲУРИИ НАВТАШКИЛИ ТОҶИКИСТОН МЕРОСИ ГУЗАШТАИ АДАБИЁТАМОНРО ДАР КИТОБИ «НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК» ГИРД ОВАРД ВА САҲИФАИ АВВАЛИ ОНРО АЗ ШАРҲИ ҲОЛИ РӮДАКӢ ВА ШЕЪРИ ШОИР ОҒОЗ НАМУД. СОЛИ 1940 АЙНӢ ДАР БОРАИ РӮДАКӢ РИСОЛАИ ИЛМИЕ НАВИШТА, БОРИ АВВАЛ ДАР РӮДАКИШИНОСИИ МО ДИҚҚАТИ АҲЛИ ИЛМРО БА ҶАМЪ НАМУДАНИ АШЪОРИ РӮДАКӢ АЗ МАЪХАЗҲОИ ХАТТӢ ҶАЛБ НАМУД. Номи ин шоири забардасти адабиёти тоҷик Абӯабдуллоҳи Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ муқаррар шудааст. Вай тақрибан соли 858м. дар деҳаи Рӯдак, ки аз рустоҳои ноҳияи Панҷакент аст, ба дунё меояд. Баъзе тазкиранависон ва таърихнигорони пешин зодгоҳи ӯро дар яке аз деҳ ё қаряҳои атрофи Самарқанд муқаррар намудаанд. Ин тахмин ва норавшанӣ соли 1940 дар натиҷаи суҳбати устод Садриддин Айнӣ бо яке аз сокинони деҳоти атрофии Панҷакент ва тибқи шаҳодати он гувоҳи зинда ба асноди маъхазҳо саҳеҳ муайян гардид. Яъне, чойи таваллуди шоир ва оромгоҳаш деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шудааст. Ба ин маънӣ, ҳанӯз муаллифи «Китобу-л-ансоб» Тоҷулислом Абӯсайиди Абдулкарим ибни Муҳаммад ибни Мансур ибни Абӯбакр Муҳаммад Тамимии Марварзии Самъонӣ (506-565 ҳ. / 1113-1166м.) навишта буд: «Ал-Бунуҷӣ … нисбае бувад ба деҳае аз деҳаҳои Рӯдак, ки Банҷрӯдакаш гӯяд. Ва ин қутб Рӯдак бошад ва шоири маъруф Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ин деҳа бувад…». Аз ин рӯ, дар боби зодгоҳи устод Рӯдакӣ то пайдо шудани далойили собиткунандаи нав набояд шакку шубҳа ва тахминҳои дигар ҷой дошта бошанд. Зеро гумон аст, ки санади радкунандае нисбат ба нигоштаи Самъонӣ ва баъдинагони ӯ минбаъд пайдо гардид. Соли 1956 аз рӯйи тадқиқотҳои устод Садриддин Айнӣ бо роҳбарии профессор М.М. Герасимов ковишҳои махсуси илмӣ гузаронида шуда, қабри устод Рӯдакӣ пайдо гардид. М.М. Герасимов аз рӯйи косаи сари шоир симо ва пайкари вайро ба вуҷуд овард. Акнун халқи тоҷик ва тамоми мардуми эронитабор имкон пайдо карданд, ки пас аз асрҳои зиёди сипаришуда симои поягузори адабиёти худро бо ҳисси ифтихори бузург бубинанд. Солҳои кӯдакии Рӯдакӣ дар зодгоҳаш Панҷрӯд, дар канори волидайн мегузарад. Вай хеле барвақт хатту савод бароварда, ба омӯзиши илмҳои замонаш машғул шуда будааст. Муаллифони таскираву маъхазҳо ва дар заминаи боэътимод муҳаққиқин тасдиқ мекунанд, ки шоир дар илми мусиқӣ ва шеър маҳорат ва маълумоти мукаммал доштааст. Ҳамин аст, ки ӯ аз устодони маҳаллӣ ҳаддалимкон ҳунари мутрибиро омӯхта, барои такмили ҳунар ва дониш рӯ ба Самарқанд, ки ба зодгоҳи устод наздик ва маркази илму фарҳанги он замон буд, меравад. Дар ин ҷо вай пеш аз ҳама таҳти тарбияи устоди ҳунари мусиқӣ Абулаббоси Бахтиёр ба навохтани асбобҳои мусиқӣ машғул мегардад ва дар навохтани уд, руд, барбат, чанг, най ва ғайра ба дараҷаи устодӣ мерасад. Устод Рӯдакӣ дар Самарқанд ҳамзамон ба омӯзиши таърихи кишвар, таърих ва адабиёти араб, фалсафаи Юнони қадим рағбати калон зоҳир намуда буд. Ривояту достонҳои паҳлавӣ, суғдӣ, суриёнӣ, арабӣ ва ғайраро ба шавқ аз бар мекард. Ба китоби муқаддаси «Авасто» таваҷҷӯҳи махсус дошт. Устод Рӯдакӣ дар Самарқанд рӯзгори хушеро ба сар бурдааст. Вай ҳамчун фарди соҳибистеъдод дар баробари машғулияти пайваставу фарогирии илмҳои замон дар манзили деҳқонони сарватманд ба сарояндагиву навозанданӣ ва шоирӣ машғул гардида, дар маҳфилу маҷлисҳои адабию илмии шаҳр иштирок мекарду шӯҳраташ рӯз ба рӯз боло мерафт. Овозаи ин мутрибу овозхон ва шоири баландистеъдод то ба дарбори Сомониён мерасад ва ӯ дар Самарқанд дар аҳди ҳукумронии Насри I ибни Аҳмад (ҳукумрониаш солҳои 865-892м.) ба хидмати дарбор даъват карда мешавад. Шоир дар охири умраш аз дасти мутаассибони давр ранҷу машаққати зиёд мекашаду рӯ сӯи зодгоҳаш деҳаи Панҷрӯд мениҳад ва дар иҳотаи ҳамдиёрон ва наздикон рӯзгори миёнаҳолонае ба сар мебарад. Ӯ ин солҳои вазнин зиндагии худро дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» хеле хуб ва бо тафсил нақл кардааст. Шоири дар Арабу Аҷам шӯҳратёфта баъди се соли бо зодгоҳаш баргаштан, соли 941м. аз олам мегузарад. Ӯро дар яке аз боғоти Панҷрӯд ба хок месупоранд. Имрӯз оромгоҳаш зиёратгоҳи аҳли фарҳангу ҳунар ва аҳли дил аст. Марги чунин як суханвари донову тавоно наздикон ва дӯстони ҳамқаламашро бениҳоят ғамгину мотамзада карда буд. Яке аз шоирони гумноми ҳамзамони устод Рӯдакӣ дар марсияи ба ӯ бахшидааш бо ҳазор дарду алам гуфтааст: Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй, Май бирезад, нарезад аз май бӯй Шоират ку кунун, ки шоир рафт, Набувад низ ҷовидона чун уй. Чанд ҷӯйӣ чу ӯ? Наёбӣ боз, Аз чун ӯ дар замона даст бишӯй! Устод Рӯдакӣ дар тӯли зиндагии худ мероси бузурги адабӣ боқӣ гузошта, яке аз шоирони пуркору пурбортарини замони худ будааст. Суханвари маъруфи асри XIII Рашидии Самарқандӣ, ки зоҳиран бо девони комили шоир шиносоӣ дошт, чунин менависад: Гар сарӣ ёбад ба олам касс бо некӯшоирӣ, Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ. Шеъри ӯро баршумурдам сезбаҳ раҳ сад ҳазор, Ҳам фузун ояд, агар чунон-к бояд бишмарӣ. Осори бадеиву таърихии суханвари тоҷикро Муҳаммад Авфи Бухороӣ дар «Лубобу-л-албоб» сад дафтар ва Асадии Тӯсӣ (тав. 1005-1010-ваф. 1073) дар қасидаи мунозиравии худ «Арабу Аҷам» яксаду ҳаштод ҳазор байт баршумурданд. Шояд дар ин гуфтаҳо муболиға роҳ ёфта бошад, аммо ҳамаи ин далели он аст, ки мероси бузурги устод Рӯдакӣ на танҳо бо муҳтавои баланду ҳунари шоирӣ, инчунин бо ҳаҷму андозааш ҳанӯз дар асрҳои XII-XIII суханварони баъдиро дар ҳайрат гузошта будааст. тасодуфӣ нест, ки Рашидии Самарқандӣ устод Рӯдакро сарвари шоирони забардаст номида, пеш аз ҳама, ҳаҷми мероси адабии ӯро баршумурдааст. . Мутаассифона, аз осори шоир то имрӯз зиёда аз 1100 байт ба мо расидаасту бас. Аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 22-юми сентябр бо номи Рӯзи Рӯдакӣ маъмулан бо баргузории конфронсҳо ва суҳбатҳои мизи гирд ва мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб ҷашн гирифта мешавад. Фарҳангиёни тоҷик чунин тадбирро имконе барои боло бурдани ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар миёни ҷомеа ва дар амри шинохти бештари насли ҷавон аз осори ин шоири тавоно медонанд. Дар Тоҷикистон ба манзури бузургдошт ва арҷгузорӣ аз ин шахсият як ноҳия, пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, донишгоҳи Кӯлоб, чандин муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, мактабҳо ва кӯчаҳо номи Рӯдакиро дорад. Муҷассамаҳои Рӯдакӣ, ки ӯро падари шеъри тоҷикӣ ҳам ном мебаранд, дар назди бархе аз муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла яке дар Боғи Рӯдакӣ дар маркази пойтахт ва якеи дигар дар саҳни майдони назди Донишгоҳи кишоварзӣ қомат афрохтаанд. Хиёбони марказии пойтахти Тоҷикистон низ номи Рӯдакиро дорад. Ҳамчунин ҷоизаи давлатии Тоҷикистон дар соҳоти адабу фарҳанг, ки ҳар сол барои беҳтарин асарҳои адибону ҳунармандони тоҷик тақдим мешавад, низ ба номи Рӯдакист. Ҳамин тариқ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун инсони соҳибмаърифату соҳибхирад бисёр афкори панду ҳикматомез баён сохтааст, ки онхо мардумро ба ростиву росткорӣ покизагиву поктинатӣ, сухандониву нуктасанҷӣ сулху салох меҳнати якдигарро қадр кардан, дури ҷӯстан аз ҷабру ситам ва озори одамон наҷӯстан ҳидоят менамоянд. Рӯзи Рӯдакӣ ба ҳама тоҷикону тоҷикистониёни ҷаҳон фархунда бод! Мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқ ва матбуоти Раёсати АИ ҶТ Ёраҳмадзода Шодиҷон Рамазон 0 3 300 Мубодила кардан