ИСТИҚБОЛ АЗ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ”

0 71

Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади мазкур омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба аҳамияти таърихии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки сабабгори ба поён расидани ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гашт суханронӣ намуданд. Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз ҷашнҳои расмӣ дар Тоҷикистон ҳамасола санаи 27 июн таҷлил карда мешавад. 27 июни соли 1997 баъди гуфушуниди байни тоҷикон — Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин, дар ш. Москва, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари иттиҳодияи мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» имзо гардид.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 100 ҳазор одамон қурбон шуда, наздики як млн гуреза ва ё муҳоҷири иҷборӣ гаштанд. Зарари иқтисодии ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ки оқабатҳои он то имрӯз ба назар мерасанд. Ҷанги шаҳрвандӣ боиси аз кор мондани садҳо корхонаҳо ва ҳиҷрати мутахассисони варзида аз мамлакат гашт. Маҳз саъю кӯшишҳои шабонарӯзӣ, сиёсати оқилонаю ваҳдатпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар он рӯзҳо тарафҳои ҷангӣ якдигарро бахшиданд ва ба хотири осоиштагӣ, пешгирии парокандашавии ва нестшавии миллату давлат ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон азизамон «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Тамоми рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ин рӯз сарчашма мегирад ва мо мардуми азизи кишвар имрӯзҳо дар фазои сулҳу осоиштагӣ зиндагонӣ менамоем. Он рӯзҳои пурдаҳшатро, ки дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун рӯзҳои нангин навишта шудаанд мо мардуми кишвар ҳеҷ гоҳ бояд фаромуш насозем ва кӯшиш намоем, ки сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон абадан пойдор бимонад.

Мо аҳли кормандони МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” тамоми мардуми кишвар ва тоҷикзабонони тамоми дунёро бо ин рӯзи таърихӣ аз самими қалб табрик намуда, ба Шумо хонаи обод, сиҳатию саломатӣ ва тенҷию оромии ҳамешагиро таманно менамоем.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.