ВИКТОРИНАИ ХИМИКОНИ ҶАВОН 0 89 Мубодила кардан Санаи 23 апрели соли равон дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”, бахшида ба солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” викторина аз фанни химия ташкил ва баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз тарафи кафедраи химия ва биологияи коллеҷ бо иштироки аъзоёни маҳфили химикони ҷавони назди кафедра роҳандозӣ гардид. Викторина аз қисматҳои саволу ҷавоб ва иҷроиши корҳои амалӣ аз фанни химия иборат буд. Иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ, ки бештар ба саволҳои ба миён гузошташуда ҷавобҳои мушаххас доданд ва корҳои амалиро дар сатҳи хуб иҷро намуданд бо ифтихорномаи муассиса сарфароз гардонида шуданд. Кафедраи химия ва биология Пеш 1 то 13 саҳифа Баъдӣ 0 89 Мубодила кардан