ТАШРИФИ МЕҲМОНОН БА МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ”

0 117

Санаи 20 март, дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Ёрдамчиии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода парда аз рӯйи лавҳаи фахрӣ ба ифтихори профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз бардошта шуд. Дар коллеҷи тиббӣ осорхонаи  профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз ва кабинети таълимии фанни асабшиносӣ (неврология) мавриди истифода қарор дода шуд. Дар осорхона таҷҳизот, аз кабинети кории профессор Раҳмонзода Р.А., ки барои муоинаи беморон истифода бурда мешуданд, ҳамчун хотира аз фаъолияти кории ӯ ҷамъоварӣ карда шудаанд. Ҳамчунин адабиёти илмию таълимии аз тарафи устод ба чоп расонидашуда, дигар дастовардҳои илмию таълимӣ, аксҳои хотиравӣ аз иштирок дар чорабиниҳои илмии байналмилалӣ, шаҳодатномаҳо, дипломҳо ва ифтихорномаҳо дар гушаи алоҳида ҷамъоварӣ карда шудаанд. Кабинети фанни асабшиносӣ бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ, аз ҷумла мизу курсӣ, тахтаи электронӣ, компютеру проектор ва гӯшаи китобҳои фанни неврология муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар кабинети мазкур омӯзиши фанни асабшиносӣ ба донишҷӯён ба роҳ монда мешавад. Қайд намудан зарур аст, ки кабинети таълимии мазкур бо дастгирии молиявии фарзандони марҳум профессор Раҳмонзода Р.А. ташкил карда шудааст.

Дар коллеҷи инчунин китобхонаи нав бо дороии 18 ҳазору 773 адад китоб, толори хониш ва синфхонаи электронӣ бо зиёда аз 10 ҳазор адабиёти электронӣ ифтитоҳ карда шуд. Китобхона бо 10 адад компютеоҳо, дастгоҳи чопӣ ва хати баландсуръати интернетӣ пайваст мебошад, ки барои дарсхонии донишҷӯён шароити хеле мусоид мебошад. Шумораи адабиётии таълимии чопӣ ва электронӣ дар оянда боз ҳам ғанӣ гардонида хоҳад шуд. Дар ҳамин рӯз дар коллеҷ вохӯрӣ бо кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён барпо гардид. Зимни суханронӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз лаҳзаҳои шиносоӣ бо профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз ва фаъолияти илмию табобатии ӯ ёдоварӣ намуданд. Қурбон Ҳакимзода дастовардҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро дар вилояти Хатлон ба иштирокчиёни маҷлис хотирррасон намуда, таъкид намуданд, ки бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар манотиқи вилоят боз даҳҳо иншооти соҳа ба истифода дода мешаванд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар вилоят зери дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда истодааст. Роҳбари вилоят аз омӯзгорону донишҷӯён таъкид ба ҷо оварданд, ки ҳамқадами замона бошанд, ва баҳри солимии ҷомеа ва ба ин васила рушди кишварамон бештар саҳмгузор бошанд. Қайд карда шуд, ки таъсиси стипендияи ба номи профессор Раҳмонзода Р.А., ки аз тарафи фарзандонаш ба панҷ нафар донишҷӯёни фаъол дода мешавад боиси ҳавасманад гаштани донишҷӯён ба касби интихобнамудаашон хоҳад гашт.  Қурбон Ҳакимзода дар охири суханрониашон қайд намуданд, ки муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва маорифро чун ҳамешагӣ дастгирӣ хоҳанд намуд ва ба аҳли кормандону донишҷӯёни коллеҷ дар фаъолияташон муваффақиятҳо таманно намуд.

Ёрдамчиии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода суханронӣ намуда, ба аҳли кормандони коллеҷи тиббӣ барои заҳматҳояшон дар рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ арзи сипос намуд. Абдуҷаббор Раҳмонзода аҳли коллективи омӯзгорон ва донишҷӯёнро бо фарорасии наврӯзи ҷаҳонӣ ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияташон бурдбориҳо таманно намуданд. Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамчунин аз пешрафти кишварамон, бахусус соҳаҳои маориф ва тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ ёдовар гашта, аз донишҷӯёну омӯзгорон таъкид ба ҷо оварданд, ки софдилони меҳнат намоянд. Қайд карда шуд, ки ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ танҳо дар шаҳри Кӯлоб беш аз 700 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд, ки баҳри фароҳам овардани ҷойҳои кории холӣ ва беҳтар гаштани сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат хоҳанд намуд.

Дар охири ҷаласа директори Коллеҷ Азиззода Зубайдулло баромад намуда, ба меҳмонон барои ташрифашон ба муассиса изҳори сипос намуд. Ӯ иброз намуд, ки ташкили чунин сӯҳбати гарм аҳли омӯзгоронро барои кору фаъолият рӯҳбаланд месозад. Мо аҳли омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки баҳри беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ боз ҳам беҳтару хубтар кору фаъолият намоем.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.