ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — РАМЗИ ҲУВИЯТСОЗИИ ТОҶИКОН

0 35

    Рӯзи 23 ноябри соли 2021 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи  тибии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Конференсияи сиёсӣ – фархангӣ, бахшида ба 29-умин солгарди қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар чорабинӣ меҳмонон — Хосият Вализода – Корманди шоистаи Тоҷикистон, узви ИН Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи «Сухан» ва Абронова Тахмина — директори маркази ҷавонони бахши ҷавонон ва варзиши МИҲД шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуда, аҳли омўзгорон ва донишҷӯёнро ба рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

     Аз ҷумла шоираи ваҳдатсаро Хосият Вализода аз эъҷодиёти пурғановати худ баҳри шогирдон шеърҳо қироат намуда, иброз доштанд, ки парчамдорӣ русуми миллати соҳибтамаддун аст ва мо сарфарозем, ки миллатамон аз аввалин парчамдорони дунё будааст ва ҳазорон сол пеш ливои рангини худро доштааст, ки дар тӯли таърихи гарону пур аз моҷаро онро ҳамеша бо ифтихор чун ҷон дар вуҷуд ҳифз доштаасту чун имон муқаддас шинохтааст.

     Дар ҳамоиш омўзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷ бо маърӯзаҳо доир ба мавзӯъҳои таърихи пайдоиш ва моҳияти Парчам суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рӯзи 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ, яъне баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо шукӯҳ Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон -24 ноябр ҷашн гирифта шуд. Дар саросари кишвар вобаста ба он ҷашнвораю ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор гардиданд.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоти телевизониашон 23 ноябри соли 2009 ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ қайд намуда буданд, ки «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзувӯ ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

    Дар он рангҳои сурх, сафед, ва сабз ҷило медиҳанд.

   Ранги сурх-рамзи ягонагии кишвар, сулҳу дӯстии миёни миллатҳо ва ҷоннисориҳои мардум ба хотири ҳифзи марзу бум мебошад.

   Ранги сафед-рамзи сафедӣ, покӣ, фаровонии барфу кӯҳҳои баланди кишвар ва бойигарии асосии мамлакат-пахта аст.

   Ранги сабз-рамзи водиҳои сабзпӯш, сарзамини кишоварзӣ, ҳамчунин шукуфоии кишвар аст.

    Инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора бошад, дар Парчами давлатии Тоҷикистон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияту соҳибихтиёр будани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

       Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукн ё худ аломатҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, воҷиб иэҳтиром ва арҷгузории кулли шаҳрвандон мебошад. Чунки дар радифи дигар муқаддасот, аз ҷумла Нишони давлатӣ, матн ва оҳанги Суруди Миллӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ расман тасдиқ карда шудааст.

    Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон- Парчам, Нишон ва суруди миллӣ аст», ки ҳар кадоми онҳо дар тарбияи ватандӯстӣ ва ҳисси миллӣ нақши муҳиму сазовор доранд. Парчами давлатӣ дар радифи дигар рамзҳои давлатӣ муқаддасу шариф буда, барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол боиси ифтихор мебошад.

    Ҳангоми дидан, шунидан ва мушоҳида намудани акс ва калимаю ибораҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Ҷумҳурии Тоҷикистон касро ҳисси зебоӣ, меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва миллатдӯстӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарму навозишпарвар махсусан дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон бозҳам фараҳбахшу гуворо чун Парчами давлатӣ ба ҷилва меоянд.

     Бошад, ки муҳаббати Ватан дар дили ҳаряки мову Шумо ҳамеша ҷовидони бошад. Месазад, ки барои ин ватан ин марзу буми аҷдодиамон ҷоннисор бошем.

     Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷўён дар бораи Парчам ва рамзҳои давлатӣ шеърҳо қироат намуда, сарояндагони ҷавони шаҳри Кӯлоб доир ба ин санаи муҳиму таърихи сурудхонӣ намуданд, ки ба  чорабинӣ шукуҳӯ  шаҳомати хоса бахшиданд.

Иброҳимов Сорбон — мудири кафедраи фанҳои гуманитарии МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.