НАВРӮЗ ОМАД!

0 104

Ҷашни Наврӯз аз зумраи идҳое мебошад, ки онро мардуми тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамояд. Наврӯз маънии “рӯзи нав”-ро дошта, дар ибтидои соли нави хуршедӣ таҷлил мегардад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанину зиндашавии табиат, оғози кишту кор ва айёми баробаршавии шабу рӯз аст. Ҷашни Наврӯз аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ эътироф гардида, ҷашни байналмилалӣ эълон шудааст. Ин иди ниёгонӣ дорои хусусияту фарҳанги махсус буда, дар ҳар гӯшаи ҷумҳурӣ бо оростани дастурхони идона истиқбол гирифта мешавад. Наврӯз аз фарҳангу маданияти гузаштагонамон дарак медиҳад. Бо омадани Наврӯз деҳқон ба кишту кор оғоз мекунад. Дар даврони истиқлолият наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад ва суннатҳои милливу бостонии мо, ки дар вуҷудамон нуҳуфтааст, аз нав эҳё мегардад. Ин як эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллат ва ба забону ҳастии миллат аст. Наврӯз айёми дурӣ ҷустан аз кинаву ҳасад, кудурату душманист. Наврӯз рамзи ваҳдати инсонияти асил аст. Наврӯз айёмест, ки пиру барно бо ҳам меоянд, шодию хурсандӣ мекунанд ва аз гузаштагон ёд менамоянду пайвандии худро бо табиат баён месозанд. Наврӯзи ҷаҳонӣ дар МДТ »Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода  Раҳматулло Азиз» бо шаҳомати баланд таҷлил карда шуд. Дар ин рӯз ба як қатор омӯзгорон ва донишҷӯен барои фаъолияти беҳтаринашон дар ҷодаи таълиму тарбия, бахшида ба иди Наврӯз ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорнома ва мукофотпулӣ тақдим карда шуд.

Наврӯз ба мардуми Тоҷикистон муборак бошад!  

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.