Иштироки донишҷӯдухтарони МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” дар Фестивали “Чакомаи гесӯ” дар шаҳри Кӯлоб

0 75

Санаи 19 феврали соли 2021 дар толори Қасри фарҳаги шаҳри Кӯлоб фестивали “Чакомаи гесӯ” баргузор гардид. Дар он роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, аҳли зиёи шаҳр, донишҷӯёну фаъолон иштирок доштанд.  Дар саҳни Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” баргузор карда шуд. Мақсади асосии баргузории фестивали «Чакомаи гесӯ» намоиши ҳунарҳои волои мардумӣ, тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ ва эҳёи анъанаҳову маросимҳои миллӣ мебошад.

Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини Фестивал баланд бардоштани мақому манзалати сару либоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли намудҳои гуногуни матоҳои миллӣ, аз қабили атласу шоҳӣ, чакану  гулбасту чит ба шумор меравад. Донишҷӯдухтарони Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дар бахши намоиши либосҳои миллии тоҷикӣ ва кокулбофию мӯйи дароз ширкат намуданд. Барои иштироки фаъолона дар чорабинии мазкур роҳбарияти Коллеҷ бо ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуд.

Маҳмудзода Қумриниссо – ҷонишини директори МДТ КТ ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А. оид ба корҳои таълимӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.