ПАЁМ – РАҲНАМОИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАРИ МО!

0 128

     Рӯзи 21 декабр Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид.

     Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун паёмҳои қабли паҳлуҳои тамоми соҳаҳои муҳими кишварро фарогир буд. Бахусус, доир ба таълими хонандагону донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии кишвар, ки эродҳои ҷиддиро қайд намуданд, хело бомаврид мебошад.

    Истифода аз технологияҳои нави илм, ба нигоҳу равиши  нав истифода бурдани раванди таълим таъмин намудани ҷараёни таълим аз вазифаҳои асосии омӯзгор ба ҳисоб меравад, ки дар Паёми Пешвои миллат дарҷ ёфтанд.

    Инчунин, омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои омӯзгорон, хизматчиёни давлатӣ ва донишҷӯёну хонандагон зарур шуморида шуд. Дар воқеъ, имрӯз дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар шароитҳои омӯзиш муҳайё гардидаанд. Инчунин, тарбия намудани кадрҳои босавод, донандаи забони хуби хориҷӣ, бофарҳангу масъулиятшинос талаботҳои ҷомеаи муосири  имрӯз ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат қайд намуданд, ки: «Бо бесаводӣ ва ҷаҳолат ҷомеа ба ҷойе намерасад. Нисбати ояндаи фарзандон бетараф набошем, то дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд ва ба ҷомеа хизмати софилона намоянд».

   Тули 30 – соли Истиқлолияти кишвар соҳаи маориф ба талаботи байналмилалӣ чавобгӯ гардида истодааст, ки ин албатта самараи бевоситаи Истиқлолияти давлатӣ ва талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ва дар ин роҳ, мо омӯзгоронро зарур аст, ки масъулияти бештар эҳсос намуда, барои омода намудани мутахасисони ботаҷриба барои ҷомеаи кишвар талош  намоем ва нисбати тарбияи насли имрўз  бетарафӣ зоҳир нанамоем.

     Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пайваста қайд менамоянд, ки масъулияти имрӯзу ояндаи кишвар ба дасти ҷавонон аст. Омода намудани Ҷавонони масъулиятшинос ва  кордону босавод вазифаи имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад.

    Мо ҳайати омӯзгорон ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тибии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, барои дар амал татбиқ намудани дастур супоришҳои дар Паём ироашуда саъю талош хоҳем намуд.

     Мудири кафедраи

 «Фанҳои гуманитарӣ»                                         Иброҳимов С.Т.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.