ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ДАСТУРЕ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОЯНДАИ ВАТАНСОЗӢ 0 52 Мубодила кардан Рӯзи 21 декабри соли 2021 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ” — ро ҷомеаи устодону кормандон ва донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” дастҷамъона шуниданд. Паём аз аввал то ба охир баҳри беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон нигаронида шудааст. Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ таъкид намуда, иброз намуданд, ки “Ман дар сиёсати худ маорифро дар мадди аввал гузоштаам”. Ин суханҳо боиси кафкӯбиҳои пурмавҷ гардид. Яъне бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад. Тарбияи нерӯи инсонӣ дар мадди аввал аст. Аз тарафи Пешвои миллат барои боз ҳам баланд бардоштани сифати забони давлатӣ ва рушди он, баланд бардоштани дониш ва касбияти омӯзгори ҷавони баландихтисос дастур дода шуд. Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Вазъи тағирёбандаи ҷаҳони имрӯза водор менамояд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон таваҷҷуҳи махсус дошта бошем. Дар Паём оид ба истифодабарии ҷавонону наврасон аз телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ ва фоидаву зарари он ба саломатӣ ва бехетарии ҷомеа ёдрас карда шуд. Вазифаҳои аҳли маориф ва падару модар таъкид гардид, ки барои тарбияи насли наврас кӯшиш намоем, зеро ин вазифаи содиқонаи ҳар яки мову шумо, яъне хизмат ба Ватан аст. Мо омӯзгорон бояд Нуқтаҳои Паёми пур аз меҳру муҳаббат ба ватан, ки натиҷаи хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми мардуми кишварро инъикос намуд, бояд сармашқи кори худ намуда, баҳри боз ҳам пешрафту гул-гулшукуфоии ватан ҳарчӣ бештар меҳнату заҳмат намоем. Мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Шафоат Комилова Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 52 Мубодила кардан