ДОНИШҶӮЁНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А.” ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ НОМИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАШТАНД

0 94

19 майи соли ҷорӣ дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Бохтари вилояти Хатлон раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо намояндагони ҷавонони вилояти Хатлон ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот раиси вилоят қайд намуд, ки Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон низ аз зумраи ҷашнвораҳоест, ки тамоми ҷавонони мамлакатро ба ҳам оварда, барои муаррифии дастовардҳо, рушди нерӯи зеҳнӣ, имконияту тавонмандиҳои ояндасозони миллат, шароити мусоид фароҳам меорад.

Раиси вилоят тамоми ҷавононро ба ин муносибат самимона таҳният гуфта, барояшон хушбахтию сарфарозӣ, комгориву нишоти умрро таманно намуд.

Раиси вилоят иброз доштанд, ки боиси сарфарозист, ки таҷлили имсолаи Рӯзи ҷавонон дар соли истиқболи ҷашни муқаддасу таърихӣ, 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ истиқбол гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар мамлакат шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, хоса Пешвои муаззами миллат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад. Зеро бо таъкиди роҳбарияти олии сиёсии кишвар ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд.

Таҷрибаҳо нишон дод, ки ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мо торафт боло рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон сол аз сол тақвият меёбад. Дар шароити имрӯза ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки маҳз рисолати бузурги ватандорию масъулиятшиносӣ, тафаккури созандаву ахлоқи ҳамидаи онҳо метавонад пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдоди тамаддунсози хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмиву адабӣ буданд, зинда доранд.

Дар доираи ин дастгириҳо  ҳамасола ба зиёда аз 200 нафар устодону олимони эҷодкор, донишҷӯён ва хонандагони аълохон стипендияи номии раиси вилояти Хатлон тақдим карда мешавад.

Зимни суханронии худ Раиси вилоят ҷавононро нерӯи созанда ҳисобида, қайд намуданд, ки дар ободонии Ватани азизамон саҳми ҷавонон низ назаррас мебошад.

Бо мақсади дастгири ҷавонони лаёқатманд, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон се нафар донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”, аз ҷумла Маҳмадова Дилноза Қобилҷоновна – донишҷӯи курси дуюми факултети “Кори ҳамширагӣ”, Тағоева Марҷона Абдулхайровна –донишҷӯи курси сеюми факултети “Кори табобатӣ”, Исматуллозода Зуҳро–донишҷӯи курси сеюми факултети “Кори ҳамширагӣ”  соҳиби унвони гирандагони стипендияи номии раиси вилояти хатлон гаштанд. Аҳли омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷ стипендиатҳоро табрик намуда, ба онҳо дар ҷодаи таълиму касбомӯзӣ ва хизмат ба халқу ватани хеш бурдбориҳо орзӯ менамоем!

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.