ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЗМУН

0 53

Донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” дар озмуни кушод аз фанҳои дақиқ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, (солҳои 2020-2040), ки санаи 12 марти соли 2021 дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ баргузор гардид бомуваффақият иштирок намуданд. Дар озмун донишҷӯи бахши 1-уми факултети кори фарматсевтӣ Одинаев Раҷабалӣ Ҷумахонович ҷойи дуюмро аз фанни физика ишғол намуда, бо диплом ва медали озмун ва Ҷурахонзода Шодӣ Амирхон, донишҷӯи бахши 1-уми факултети номбурда барои иштироки фаъолона бо ифтихорномаи озмун сарфароз гардонида шуданд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.