ВАРЗИШ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ!

0 49

     Рӯзҳои 11 то 13 ноябри соли 2021 бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб дар толори варзишии МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба намуди Волейболи мардона байни дастаҳои мунтахаби муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии дар шаҳри Кӯлоб мустақар буда, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин мусобиқа 6 даста иштирок намуданд. Ҷойи якум насиби дастаи варзишгарони МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А», ҷойи дуюм насиби дастаи МТҒ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» ва ҷойи сеюм насиби дастаи МДТ “Донишгоҳи давлатии Кӯлоб” гардид. Ғолибони мусобиқа бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравии Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

     Мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ   Ҷафаров А.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.