ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ ОМӮЗГОР” ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А.”

0 45

      Санаи 13 октябри соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” аз “Рӯзи омӯзгорон” ҷашн гирифта шуд. Дар ҷамъомади тантанавӣ роҳбарият ва устодони соҳибтаҷриба суханронӣ намуда, аз дастовардҳои муассиса тули 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдрас шуданд. Қайд карда шуд, ки муассисаи таълимӣ, ки қариб таърихи 70 сола дорад тули фаъолияташ бо заҳмати устодон ҳазорон мутахассисони миёнаи тиббиро омода намуда, барои хизмат барои ҳифзи тандурустии аҳолии кишвар сафарбар намудааст. Ҳоло дар Коллеҷ зиёда аз 200 нафар омӯзгорон кору фаъолият доранд. Барои хизматҳои шоиста дар тарбияи насли ҷавон ва омодасозии мутахассисон ду нафар кормандон бо медали Хизмати шоиста аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудаанд. Панҷ нафар омӯзгорон дорои унвони номзади илмҳо буда, 14 нафар бо нишони сарисинагии аълочии тандурустӣ ва 36 нафар бо нишони аълочии маорифи Тоҷикистон қадрдонӣ шудаанд. Ду нафар омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонии муассиса бо нишони хизмати шоиста дар соҳаи варзиш қадрдонӣ шудаанд.

        Дар ҷамъомади тантанавӣ ба ду нафар омӯзгороне, ки соли ҷорӣ рисолаи номзадиашонро ҳимоя намуданд аз суратҳисоби махсуси Коллеҷ ба маблағи 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ ва ифтихорнома тақдим карда шуд. Озмуни “Омӯзгори соли муассиса” барои соли таҳсили 2020-2021 ҷамъбаст карда шуд, ки дар натиҷа ба 3 нафар омӯзгорон, ки ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд сипоснома ва мукофотпулӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин 30 нафар омӯзгороне, ки тули солҳои охир фаъолияти босамар ва беҳтаринро дар ҷодаи таълиму тарбияи донишҷӯён нишон додаанд бо сипоснома ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Азиззода З.А. н.и.т., директори МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.