ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ҲАМШИРАИ ТИББӢ

0 134

Санаи 13 апрели соли 2021 дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” озмуни касбии беҳтарин ҳамшираи тиббӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни ихтисосҳои кори ҳамширагии коллеҷ ширкат варзиданд. Донишҷӯён ба ду гурӯҳ тақсим шуда, байни ҳам рақобат намуданд. Шартҳои озмун чунин буданд: саволу ҷавоб ба якдигар, иҷроиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ аз руи стандарт ва ҳалли масъалаҳои вазъӣ оид ба расонидани кӯмаки аввалияи ҳамширагӣ ба беморон. Қайд намудан зарур аст, ки аъзоёни гурӯҳ аз уҳдаи иҷроиши вазифаҳои дар наздашон гузошташуда ба хубӣ баромаданд. Дар охири озмун ба иштирокчиёни фаъоли гурӯҳҳо ифтихорнома тақдим карда шуд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.