Викторинаи ҳозирҷавобон дар кафедраи тибби оилавӣ 0 102 Мубодила кардан Дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” аз тарафи кафедраи тибби оилавӣ санаи 14 апрели соли ҷорӣ викторинаи ҳозирҷавобон ташкилу баргузор гардид. Чорабинӣ аз қисматҳои саволу ҷавоб ва иҷроиши масъалаҳо оид ба ёрирасонии аввалияи тодухтурӣ ва иҷроиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ иборат буд. Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни ихтисоси кори табобатии коллеҷ фаъолона ширкат варзида, ба саволҳои гузошташуда сари вақт ҷавоб гардониданд. Ҳамчунин аз уҳдаи иҷрои малакаҳои амалии дар наздашон гузошташуда ба хубӣ баромаданд. Иштирокчиёни фаъоли маҳфил бо ифтихорнома сарфароз гаштанд. Пеш 1 то 7 саҳифа Баъдӣ 0 102 Мубодила кардан