Санаи 8 – уми сентябр дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” конференсияи илмӣ-назариявӣ доир ба мавзӯи “Истиқлолият-марҳилаи нав дар таърихи халқи тоҷик” баргузор гардид. Дар конференсия аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯён маърӯзаҳо доир ба мавзӯъҳои зерин, аз ҷумла “Дастоварди МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”” дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ”, “Рушди соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон”, “Дастовардҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ” ва “Амалишавии ҳадафҳои миллии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ” садо доданд.
Иштирокчиёни конференсия ба сатҳи маълумотнокии маърӯзаҳо баҳои баланд доданд.
Боиси сарфарозии тамоми кормандони коллеҷ мебошад, ки дар конференсия ба чор нафар кормандони муассиса нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва ба чор нафари дигар “Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бахшида ба 30 солгаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.