Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки баъди истиқлолият пеш омад, ба Тоҷикистон бахшидани раҳоӣ аз маҳдудияти коммуникатсионӣ, яъне кушодани роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳану ҳавоӣ ва таъмини алоқа бо тамоми минтақаҳои мамлакат ва кишварҳои дигар мебошад.
Маҳз дар даврони истиқлолият ба Тоҷикистон муясар гардид, ки бо ба анҷомрасонии сохтмонҳои роҳҳои байнидавлатӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шуда чор фасли сол робитаи мустақими заминиву ҳавоӣ бо тамоми минтақаҳои кишвар ва хориҷи он барқарор карда шавад.
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд.
Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз онҳо, аз ҷумла Шашмақом, Наврӯз ва яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии мо — чакан ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд.
Пазируфтани ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон дар масъалаҳои вобаста ба об аз маъруфияти кишвари мо дар саросари олам дарак медиҳад. Моҳи марти соли 2018 татбиқи ташаббуси чоруми Тоҷикистон доир ба ҳалли яке аз мушкилоти ҷиддитарини башарият, яъне об таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.
Дар мамлакат корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо кард. Садҳо корхонаву муассисаҳои нав арзи вуҷуд намуда, аксар бино ва иншооти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амният, соҳаи маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзиш бунёд ва азнавсозӣ гардиданд. Дар кишвар садҳо майдонҳои варзишии хурду бузург, боғу гулгаштҳо бунёд гардиданд, ки ҳамаи ин аз самараи истиқлолияти давлатӣ маншаъ гирифтаанд. Тоҷикистон имрӯз ба як давлати ободу пешрафта табдил ёфта, таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба он аз ҳар вақта дида бештар равона шудааст.