МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИДИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А.”
Таърихи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” аз соли 1953 сар мешавад. Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб яке аз бонуфузтарин таълимгоҳҳои миёнаи касбӣ дар минтақаи Кӯлоб мебошад, ки дар он зиёда аз 200 омӯзгорони асосӣ фаъолият менамоянд, ки аз ҷумлаи онҳо 1 нафар доктори илмҳои тиб 1 нафарашон номзади илмҳои тиб, 1 нафар номзади илмҳои филологӣ, 2 нафар номзади илмҳои педагогӣ, дотсент мебошанд.
Директори аввалини Коллеҷ Чеботорёва В.Г. мебошад. Аз моҳи сентябри соли 2020 то имрӯз д.и.т. Азиззода З.А. роҳбарии МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” – ро ба уҳда дорад.
Дар Коллеҷ кабинети компютерӣ (3), ташхисгоҳҳои таълимӣ-лабораторӣ, маркази таълимӣ-истеҳсолии фарматсия, маркази таълимӣ — табобатии стоматология бо устохонаи дандонсозӣ, маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ, фаъолият менамояд.
ИМРӮЗҲО ДАР КОЛЛЕҶ 16 КАФЕДРА ФАЪОЛИЯТ ДОРАНД:
1.Ҷарроҳия
2.Педиатрия
3.Терапия
4.Анатомия ва физиология
5.Химия ва биология
6.Фанҳои гуманитарӣ
7.Технологияи иттилоотӣ ва фанҳои табиию риёзӣ
8.Асосҳои кори ҳамширагӣ
9.Момоӣ ва бемориҳои занона 10.Тибби оилавӣ 11.Бемориҳои сироятӣ
12.Фармакология
13.Забони тоҷикӣ
14.Фарматсия
15.Забони рӯсӣ
16.Забони англисӣ 17.Тарбияи ҷисмонӣ, омодагии дифои ҳарбӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ
ДАР КОЛЛЕҶ АЗ РУЙИ 8 ИХТИСОС МУТАХАССИСОН
ОМОДА КАРДА МЕШАВАНД.
ТАВСИФОТИ МУХТАСАРИ ИХТИСОСҲОИ КОЛЛЕҶ:
1. Ихтисоси “Кори момодоягӣ”
Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Момодоя” дода мешавад ва онҳо барои расонидани ёрии тиббӣ-профилактикӣ ба ҳомиладорон ва беморони гинекологӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ дар мавриди бемориҳои шадид ва ҳодисаҳои нохуш, инчунин фаъолият дар муассисаҳои тиббии шаҳрӣ, ноҳияву деҳотии гинекологӣ (таваллудхонаҳо, марказҳои солимии наслофарӣ ва танзими оила), марказҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ, тайёр карда мешаванд.
2.Ихтисоси “Кори табобатӣ”
Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Ҳамшираи тиббии оилавӣ (амалияи умумӣ)” дода мешавад ва онҳо барои фаъолият дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ- санитарӣ бо мақсади ҳифзи солимӣ ва мустаҳкам намудани он дар шахсони алоҳида (оилаҳо) тайёр карда мешаванд. Мутахассисони мазкур дар муассисаҳои КАТС (Марказҳои саломатии) шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва деҳотӣ метавонанд фаъолият намоянд.
3.Ихтисоси “ Кори ҳамширагӣ”
Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тиббӣ” дода мешавад ва онҳо барои фаъолият дар муассисаҳои муолиҷавӣ — профилактикӣ ва ёрии аввалияи тиббӣ — санитарӣ, тайёр карда мешаванд.
4.Ихтисоси “Кори тиббию — профилактикӣ”.
Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Ёрдамчии табиби гигиенист, эпидемиолог ва санитарӣ” дода мешавад ва онҳо барои фаъолият дар муассисаҳои санитарӣ — профилактикӣ ва эпидемиологӣ, хадамотҳои беҳдошти беҳдорӣ (санитарӣ), тайёр карда мешаванд.
5. Ихтисоси “Кори фарматсевтӣ”
Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Ёрдамчии фарматсевт” дода мешавад ва онҳо барои фаъолият дар дорухонаҳои давлативу хусусӣ, озмоишгоҳҳои санҷиши таҳлилӣ ва муассисаҳои саноатии дорусозӣ, тайёр карда мешаванд.
6. Ихтисоси “Кори дандонсозӣ”
Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Техники дандон” дода мешавад ва онҳо барои фаъолият дар устохонаҳои (лабораторияҳои) дандонсозии муассисаҳои даҳонпизишкӣ ва дандонпизишкӣ ва дигар муассисаҳои тиббӣ-профилактикии (марказҳои саломатии) давлатӣ ва хусусӣ тайёр карда мешаванд.
7.Ихтисоси “Кори табобати дандон”
Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Ёрдамчии табиби дандон” дода мешавад ва онҳо барои фаъолият дар муассисаҳои даҳонпизишкӣ ва дандонпизишкӣ, марказҳои стомотологӣ, ва дигар муассисаҳои тиббӣ-профилактикии (марказҳои саломатии) давлатӣ ва хусусӣ тайёр карда мешаванд.
8. Ихтисоси “Кори тиббию – ташхисӣ”
Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Лаборант” дода мешавад ва онҳо барои фаъолият дар озмоишгоҳҳои муолиҷавӣ -профилактикии шаклу сатҳашон гуногун, дар пажӯҳишгоҳҳои тиббӣ ва кимиёии гуногун ва дигар муассисаҳо, баҳри гузаронидани намудҳои гуногуни таҳқиқотҳои озмоишгоҳӣ тайёр карда мешаванд.
ҶАДВАЛИ ИХТИСОСҲО
№ |
Рамз ва номи ихтисос |
Шакли таҳсил |
Муҳлати таҳсил |
Намуди таҳсил (маблағ бо сомонӣ) |
Забони таҳсил |
1 |
2790103- Кори тиббию профилактикӣ |
Рӯзона |
3 сол |
ройгон |
тоҷикӣ |
2 |
2790103- Кори тиббию профилактикӣ |
Рӯзона |
3 сол |
пулакӣ (2200) |
тоҷикӣ |
3 |
2790133- Кори дандонсозӣ |
рӯзона |
3 сол |
пулакӣ (4070) |
тоҷикӣ |
4 |
2790107- Кори табобати дандон |
рӯзона |
3 сол |
пулакӣ (4243) |
тоҷикӣ |
5 |
2790104- Кори тиббию ташхисӣ |
рӯзона |
3 сол |
ройгон |
тоҷикӣ |
6 |
2790104- Кори тиббию ташхисӣ |
рӯзона |
3 сол |
пулакӣ (2200) |
тоҷикӣ |
7 |
2790101- Кори момодоягӣ |
рӯзона |
4 сол |
ройгон |
тоҷикӣ |
8 |
2790101- Кори момодоягӣ |
рӯзона |
4 сол |
пулакӣ (2464) |
тоҷикӣ |
9 |
2790102- Кори табобатӣ |
рӯзона |
4 сол |
ройгон |
тоҷикӣ |
10 |
2790102- Кори табобатӣ |
рӯзона |
4 сол |
пулакӣ (2464) |
тоҷикӣ |
11 |
2790108- Кори фарматсевтӣ |
рӯзона |
3 сол |
пулакӣ (3960) |
тоҷикӣ |
12 |
2790108- Кори фарматсевтӣ |
шабона |
3 сол |
пулакӣ (3960) |
тоҷикӣ |
13 |
2790108- Кори фарматсевтӣ (синфи 9) |
рӯзона |
4 сол |
пулакӣ (3960) |
тоҷикӣ |
14 |
2790131- Кори ҳамширагӣ |
рӯзона |
3 сол |
ройгон |
тоҷикӣ |
15 |
2790131- Кори ҳамширагӣ |
рӯзона |
3 сол |
пулакӣ (2200) |
тоҷикӣ |
16 |
2790131- Кори ҳамширагӣ |
шабона |
3 сол |
пулакӣ (2200) |
тоҷикӣ |
17 |
2790131- Кори ҳамширагӣ (синфи 9) |
рӯзона |
4 сол |
пулакӣ (2200) |
тоҷикӣ |