ТАНТАНА АЗ ИСТИҚЛОЛ ВА ҶАШНИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

0 69

     Рўзи 5-уми Октябр шаҳри Кӯлоб қабои идона дошт. Ҳама мардум бо шодию хурсандӣ барои пешвози Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешитофтанд. Он рӯз барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ, ки зиёда аз 1000 нафар омӯзгорону донишҷӯёни  Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ҷалб буданд ба фурудгоҳи шаҳр ва гулбоғи Сомон мешитофтанд. Саҳни муассиса идона оро ёфта буд. Устодону донишҷўён таҳти мусиқӣ рақсу бозӣ менамуданд ва шеъру суруд дар васфи Истиқлолият, бузургии забони давлатӣ ва хизматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ин рӯзҳои саид менамуданд. Пас аз чорабинии фарҳангӣ дар толори муассиса ҳамоиши бадеӣ, бахшида ба рўзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забони миллат — пояи миллат» баргузор гардид. Устодони кафедраи «Забон ва адабиёти тоҷик» ва ҳамчунин донишҷӯён бо маърӯзаю шеърхонӣ дар васфи забони тоҷикӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва саҳми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкили мамлакати соҳибистиқлол ва ташаккулу пойдории забони давлатӣ баромад намуданд. Чорабиниҳо бо як ҳиссиёти баланди ватандорӣ, шукургузорӣ аз ин сарвару аз ин диёр баргузор карда шуданд.

    Хизмати шоиста бар халқу миллат кард ў,

    Мардумашро соҳиби бахту саодат кард ў.

    Офарин бар модаре Эмомалиро офарид,

    То даме, ки ҳаст дунё, Тоҷикистон зинда бод!

Мудири кафедраи «Забони ва адабиёти тоҷик»- и Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»    Комилова Ш.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.