КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

0 105

      «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад»

                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

 

       Санаи 5 — уми ноябри соли ҷорӣ дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кўлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» конференсияи илмӣ-назариявӣ, бахшида ба 27 – умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Конститутсия бахтномаи миллат» бо шукӯҳу шаҳоматӣ баланд гузаронида шуд. Дар кори конференсия меҳмонон — раиси кумитаи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор, корманди прокуратураи шаҳри Кўлоб Шарифзода Ҳ.Б. ва корманди Кумитаи кор бо занони шаҳри Кӯлоб Нурзода Парвина иштирок ва оид ба аҳамияти бузурги ин ҳуҷҷати тақдирсози миллат суханронӣ намуданд. Инчунин устодони кафедраи «Фанҳои гуматинарӣ» Ятимова Гуландом дар мавзӯӣ «Конститутсия — ҳуҷҷати сарнавиштсоз», Салимова Азиза дар мавзӯӣ «Конститутсия — бахтномаи миллат», Пиров С.Х дар мавзӯӣ «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — замимаи асосии рушди давлати миллии Тоҷикистон» баромад намуданд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.