ДАРСИ КУШОДУ НАМУНАВӢ

0 127

      Санаи 1 – уми ноябри соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзодар Р.А.” аз тарафи омӯзгори кафедраи тибби оилавӣ Бозорова Гулбегим дарси кушоду намунавӣ доир ба мавзӯи “Ёрирасонии ҳамширагӣ ҳангоми бемориҳои қалбу рагӣ” ташкилу баргузор гардид. Дар машғулият даҳ нафар омӯзгорони ҷавон иштирок доштанд. Бояд қайд намуд, ки ташкилу баргузории чунин машғулиятҳо аз тарафи омӯзгорони собиқадор бо мақсади ҷорӣ намудани таҷрибаи бойи онҳо дар байни дигар омӯзгорон, ба омӯзгорони ҷавон омӯзонидани методикаи байналфаъол ва самараноки таълим мебошад. Дар машғулият ҳама услубҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ аз тарафи омӯзгор, аз ҷумла ороишу ҷиҳозонии кабинети таълимӣ, муоширати дуруст бо шогирдон, истифодаи технологияи электронӣ, услубҳои байналфаъол, аз ҷумла кор дар гурӯҳҳои хурд, ҷиҳати тарбиявии машғулият, тарзи баён ва омӯзиши мавзӯъ, диққати махсус ба иҷроиши малакаҳои амалӣ нишон дода шуд.

     Хулоса дарси кушод дар сатҳи баланд баргузор гардид, ва иштирокчиён, аз ҷумла омӯзгорони ҷавон аз тарзи дуруст ба роҳ гузоштани машғулият боз ҳам хубтару беҳтар баҳравар гаштанд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.