ВНМО – ХАТАР БАРОИ ҶОМЕАИ СОЛИМ

0 92

     Санаи 1-уми декабри соли равон дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» аз тарафи кафедраҳои кори ҳамширагӣ, тибби оилавӣ ва кафедраи момоӣ ва бемориҳои занона конфронсҳои таълимӣ, бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи Вируси норасоии масунияти инсон (ВНМО-ВИЧ), Алоими ғайримодарзодии норасоии масуният (АҒНМИ-СПИД) ташкилу баргузор гардиданд. Дар конфронсҳо намояндагон аз Маркази шаҳрии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО иштирок доштанд. Устодону донишҷӯён бо маърӯзаҳо дар бораи ВНМО, роҳҳои паҳнёбии он ва усулҳои пешгирии паҳнёбии ин беморӣ дар байни аҳолӣ суханронӣ намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки ҳамасола 1 декабр – Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи Вируси Норасоии Масунияти Одам қайд карда мешавад. Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳии одамон оид ба роҳҳои сироятёбӣ ва пешгирии паҳнёбии ин беморӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд, аз ҷумла Барномаи миллии мубориза бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, ки дар он нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии паҳнёбии ин вируси барои инсоният хатарнок амалӣ карда мешавад. Аввалин маротиба ВНМО – соли 1983  дар  ду лабаратория аз ҳамдигар новобаста кашф гардидааст. Дар  донишкадаи Пастер  дар Фаронса  таҳти роҳбарии Люк Монтанье ва дар Донишкадаи миллии бемориҳои саратон дар  ИМА  таҳти  роҳбарии  Роберт Галло. Тадқиқотчиён пешниҳод намуданд, ки вирусҳои аз ҷониби онҳо ҷудошуда метавонанд боиси гирифтории бемории пайдо шудаи норасоии масунияти  (СПИД) гарданд. Соли 1986 маълум  гардид, ки вирусҳои аз ҷониби муҳақиқони Фаронсавӣ  ва Амрикоӣ кашф шуда комилан ба  ҳам  мутобиқанд.

         Одам аз вируси норасоии масуният бо чунин роҳҳо сироят меёбад:

1) Тамос бо хун (Ҳангоми истифодаи сузандорӯҳо, хунгузаронӣ, таҷҳизоти тиббии тамизношуда);

2) Алоқаи ҷинсӣ (ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони бегона бе истифода аз рифола);

3)  Аз модар ба кӯдак (ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд, ширмаконӣ).

         Дар ҳамаи моеъҳои биологии организм вирус вуҷуд дорад, аз ҷумла дар хун, нутфа, тарашуҳоти маҳбал, шири сина. Марҳилаи ноаёнӣ аз 3 то 6 моҳро дар бар мегирад. Шахс метавонад сироят ёфта бошад, аммо дар муддати то 3 ё 6 моҳ мавҷуд будани вирус  дар хун  ҳангоми ташхиси  лабараторӣ муайян карда намешавад

         Давраи инкубатсионӣ  аз 2 то 10 сол  бе ягон аломатҳои клиникӣ давом меёбад. Марҳилаи охирини сирояти ВНМО ин Бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошад, ки метавонад бо гузашти  аз 2 -15 сол вобаста ба ҳолати масунияти инсон инкишоф  ёбад.  Дар марҳилаи ташаккули беморӣ дар шахси бемор аломатҳои вазнини барои норасоии масуният хос пайдо мешаванд, аз ҷумла инкишофи баъзе намудҳои бемории саратон, сироятҳо ва дигар аломатҳои вазнини клиникӣ.

Роҳҳои пешгирӣ аз сироят инҳоянд:

         Риоя намудани тарзи ҳаёти солим;

         Истифодаи таҷҳизотҳои тиббии яккарата;

      Доштани танҳо як ҳамхоба ва истифодаи рифола ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони бегона;

     Муоинаи ҳатмии шахсони аз муҳоҷирати меҳнатӣ, маҳбас, баргашта, нашъамандони тазриқӣ (инъексионӣ);

        Муоинаи ҳатмии никоҳшавандагон то ақди никоҳ.

         Агар зани ҳомила гирифтори ВНМО бошад, ҳатман маолиҷаи зидди  ретровирусӣ бояд қабул кунад. Занҳое, ки табобати зидиретровирусиро гирифтаанд,   ҳангоми таваллуд хавфи сироятёбӣ тифл то 2% коҳиш меёбад.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.