1-уми сентябри соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Рӯзи дониш таҷлил гардид. Бахшида ба Рӯзи дониш дар муассиса ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбари муассиса номзади илмҳои тиб Азиззода З.А. суханронӣ, намуда аз ҷумла қайд намуд, ки боиси хушнудист, ки имсол Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар арафаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Азиззода З.А. ба муносибати Рӯзи дониш ва ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи донишҷӯён, омӯзгорон ва волидайни онҳоро табрик намуд. Қайд карда шуд, ки маҳз ғамхорӣ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва маориф аст, ки солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаҳои мазкур аз нав рушд намуданд. Имрӯзҳо барои донишҷӯён шароитҳои хеле мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар коллеҷ ба донишҷӯён зиёда аз 200 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба дарс мегӯянд. Бо мақсади беҳтаршавии сифати машғулиятгузориҳо пояи моддию техникии кафедраҳо беҳтар гашта истодааст. Аз ҷумла тамоми синфхонаҳои таълимӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, ба аёнияту ҷиҳози таълимӣ таъмин гаштаанд. Дар коллеҷ китобхонаи замонавӣ фаъолият менамояд, ки омӯзгорону донишҷӯён аз он метавонанд босамар истифода намоянд. Сатҳи дараҷанокии омӯзгорон дар кафедраҳо сол аз сол боло рафта, марказҳои таълимию табобатӣ бо ҷиҳози зарурӣ барои машғулиятҳои амалӣ таъмин гаштаанд.
Таъсис ва таъмиру бо таҷҳизоти муосири замонавӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ боиси он гаштааст, ки сифати таҷрибаомӯзии донишҷӯён беҳтар гардад. Имрӯзҳо донишҷӯёни коллеҷ дар муассисаҳои тандурустии шаҳрӣ ва вилоятии воқеъи шаҳр, ки дар онҳо табибон ва ҳамшираҳои шафқати пуртаҷриба кору фаъолият мекунанд таҷриба меомӯзанд.
Аз ин ру аз донишҷӯён таклиф ба амал оварда шуд, ки аз шароитҳои имрӯзҳо барои онҳо фароҳам омадашуда васеъ истифода намуда, ҳамеша аз пайи омӯзиши донишҳои нав ба нав бошанд. Дар ҷаласаи тантанавӣ ҳамчунин омӯзгорони собиқадор ва донишҷӯён бо суханони табрикотӣ баромад намуданд. Пас аз ҷаласаи тантанавӣ мутобиқи ҷадвали дарсҳо омӯзгорону донишҷӯён ба дарсҳо оғоз намуданд.