ОФТОБО БОРИ ДИГАР ХОНАРО ПУРНУР КУН, ДУСТОНРО ШОД ГАРДОН, ДУШМАНОНРО КУР КУН.

0 697

     Таҳти ин унвон 30 сентябри соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кўлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» конференсияи бадеӣ, бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо ибтикори кафедраи Забон ва адабиёти тоҷик ва бо иштироки васеъи устодону донишҷўён баргузор гардид.

     Дар конфронс асарҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ба намоиш гузошта шуда аз тарафи маърӯзачиён дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти шоир садо доданд.

     Дар чорабинӣ донишҷӯён аз эљодиёти шоир – «Маснавии Маънавӣ» шоҳбайтҳо, қиссаҳо ва ғазалиёт бо як маҳорати хуби бадеӣ қироат намуданд.

     Мудири кафедраи Забон ва адабиёти тоҷик чорабиниро ҳусни анҷом бахшида,  иброз намуд, ки маҳз бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯшишҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо қарори ЮНЕСКО 800 — солагии шоир ва файласуфи зиндаёд Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ соли 2007 ҷашн гирифта шуд. Ва ҳамасола рўзи 30 сентябр — рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ба таври васеъ ва ифтихори миллӣ қайд карда мешавад.

                         Ҳотами мулки Сулаймон аст илм

                         Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.

Шафоат Комилова – мудири кафедраи Забон ва адабиёти тоҷикӣ — МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб  ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.