Мавзеъҳои фарҳангӣ
САРАЗМ

Ёдгории қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардид. Ёдгории қадимаи Саразм дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст.
Майдони аввалаи ёдгории таърихӣ қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтаааст.
Чаҳор давраи пайдарҳамии ҳодисаҳо ҷудо карда шудааст, ки бо назардошти таҳлилҳои радиокарбонатӣ ба тариқи зайл мебошад: давраи I – cолҳои 3500-3200 то асри мо; давраи II- солҳои 3200-2900 то асри мо; III – cолҳои 2900-2700 то асри мо; давраи IV –солҳои 2700-2900 то асри мо.муфассалтар
ШАҲРИ БОСТОНИИ ҲИСОР

Ҳисор яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба шумор меравад. Ҳисор аз қадимулайём бо обу ҳавои латифу мусоид, кӯҳҳои пурфайз, дарёҳои сероб, заминҳои зархез ва дороии ёдгориҳои ҳама давр диқати сайёҳонро ба худ ҷалб менамуд. Одамон ҳануз 40-50 ҳазор сол қабл дар ин мавзеи бобаракат маскун шуда, ба зироаткорию чорводорӣ ва ҳунармандӣ машғул буданд. Дар водии Ҳисор бостоншиносон бо маданияти моддии қадимтарини одамон вомехуранд. Дар давраи неолит (қарни санг) водии Ҳисор хеле сераҳолӣ будааст, ки ба ин бошишгоҳҳо маснуоти шикорию рӯзгор гувоҳӣ медиҳанд. Маданияти қарни неолитро олимон шартан маданияти Ҳисор ном бурдаанд, ки ёдгориҳои моддиашро бори аввал академик А. П. Окладников дар теппаи Ғозиён кашф намудааст. Ҳангоми ҳафриёт зиёда аз 680 осори давраи санг ёфт шудааст.
Шаҳри Ҳисор дар асри ХII- то мелод ҳамчун маркази минтақаи заминдорӣ бунёд мегардад. Дар давраҳои минбада махсусан дар асрҳои VII-V-и то мелод ҳудуди шаҳрак то ба 85-90 га-ро дар бар мегирифт.муфассалтар
ҲУЛБУК

Мақбараи Мир Саида Али Хамадони (14 – 17 аср). Ёдгории мемориалии Мир Саида Али Хамадони дар маркази шаҳри Кулоб дар мавзеи чорбоғе, ки дар он чинорҳои қадимтарини боазамат мавҷуд аст воқеъ гардидааст. Шахсе, ки ҷасади он ҳоло дар ин мақбара орамидааст шоир, файласуф ва мутафакири барҷастаи асри 15 ба ҳисоб меравад. Аммо ба ғайр аз Мир Саида Али Хамадони дар ин мақбара писараш Муҳаммад ва аҳли хешовандонаш ин чунин собиқ нигаҳбони мақбара шайх Шоҳи Толиқони дафн карда шудаанд.
Истаравшан дуюмин шаҳри калонтарин дар вилояти Суғд мебошад . Истаравшан дар доманнаи қаторкуҳҳои Туркистон дар шимои Тоҷикистон 78 км дуртар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Таърих гувоҳ аст, ки Истаравшани бостонӣ яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, таъриху тамаддун, адабу фарҳанги хоси хешро дошта, дар ҳаёти сиёсию иктисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ин қаламрав нақшу мавқеъи муҳимро бозидааст. Аз ин рў, беҳуда нест, ки онро ҳамсамту ҳамрадифи шаҳрҳои машҳури Бухорою Самарқанд мешуморанд. Ҳар пора хишту похсадевори осори куҳани Истаравшани бостонӣ аз афтидану хестанҳо, сӯхтану сохтанҳо, шикастану пайвастанҳо ва борҳо завол ёфтану бозгашта эҳё шуданҳо, яъне аз тамаддуни дерина, давлатдории кӯҳанбунёд ва заҳматписандию ободгарии миллати ҷафокашидаю сарбаланди тоҷик қисса мекунад. Дар таърихи тамаддуни башари шояд кам шаҳре вохурад, ки дар дарозии наздик ба 3000 сола се маротиба, балки 4 маротиба номи худро иваз карда бошад. Истаравшан аз замонҳои қадим то ба ин рӯз чун маъвои рушду тараққии санъат ва илму адабиёт боқи мондааст. Дар ин ҷо рисолаҳои таърихӣ, асарҳои бадеӣ, адабиёти оммавию сиёсӣ таваллуд мешуданд. Чуноне, ки кофтуковҳои ҳафриётӣ собит сохтаанд, дар Истаравшани имрӯза нишонаҳои рӯзгори давраи палеолит, ки ба миёнаҳои хазорсолаи якум то милод тааллук дорад, боқи мондаанд. Дар ин ҷо аз ҷониби одамони ҷамъияти ибтидои манзилгоҳҳо, сарпаноҳҳову нишеманҳо сохта мешуданд. Нахустин сарчашмаҳои хаттӣ оид ба Истаравшан ҳамчун яке аз марказҳои Суғди бузург ба асри VI то милод, яъне ба он давраҳо тааллуқ дорад, ки Истаравшан яке аз вилоятҳои
Чилдухтарон – номи кӯҳест, ки дар ду қисмати шимолии