Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор

0 6 892

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Омӯзгор омӯзандаи илму дониш, касбу ҳунар, фарҳангу адаб мебошад. Омӯзгор шахси барумандест, ки ба инсон илму адаб омӯхта, дар баробари волидайн уро ба воя мерасонад. Ҳамин аст, ки шоир ҳаққи устодро аз падар боло донистааст:

Хаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.

Омӯзгор равшангари шоми шогирдон, нурест, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад ва мушкили касро дар зиндагонӣ осон мегардонад.

Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳама маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдон ба омӯзгор вобастагӣ дорад. Омузгорон вазифаи аз ҳама муҳимро ба зимма гирифта тифли инсониятро тарбия менамоянд ва илм меомӯзонанд.
Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф ва душвор аст, ки касеро бе заҳмат наметавон соҳибдониш намуд. Дар ин бора шоир бисёр бомаврид гуфтааст.

Расад ҷон бар лаби бечора устод,
Ки харферо ба шогирде дихад ёд.

Даме ки устод шогирди бо ҷон парвардаашро соҳибкамол мебинад беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самаре додааст, зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад.

Наметавон бе мураббӣ алфозе омӯхт, дониш андӯхт ё худ ба ҷое расид. Омӯзгор касест рохнамою хидояткунанда, мунису гамхор ва дӯсти беғараз. Чуноне, ки Мавлонои Балхӣ гуфтааст:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд муллои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Аз ҳамин лиҳоз ба қадри омӯзгор бояд ҳамеша бирасем ва ҳурматашро ба ҷо биёрем.

Ҳар ки накард ҳурмат устоди роҳнаморо,
Аз ақлу дину имон уро хабар набошад.

Бахшида ба Рӯзи омӯзгор санаи 3 октябри соли 2020 дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Зимни баргузории ҷаласа директори Коллеҷ Азиззода З.А. омӯзгоронро бо рӯзи идашон табрик намуда, ба як қатор омӯзгорон, ки дар ҷодаи таълиму тарбияи донишҷӯён фаъолияти самарабахш доштанд ифтихорнома ва мукофотпулӣ тақдим намуданд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.