Куроноро нодида нагиред!

0 45

КУРУНОРО НОДИДА НАГИРЕД!

Чорабиниҳои ташвиқотӣ алайҳи мубориза бо бемории сироятии короновирусии навъи Covid-19
Cанаи 06 октябри соли 2020 бо дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” корҳои ташвиқотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии короновирусии навъи Covid-19 дар байни аҳолии шаҳри Кӯлоб баргузор карда шуд. Омӯзгорон ва донишҷӯён дар кӯчаҳо ва ҷойҳои ҷамъшавии одамон, аз ҷумла бозорҳо ва марказҳои савдо бо мардум вохӯрӣ ташкил намуда, оиди хатари бемории мазкур ва роҳҳои паҳнёбии он маълумоти муфассал пешкаш намуданд. Ҳамчунин зимни вохӯриҳо ба аҳолӣ зиёда аз 500 адад ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои маълумотӣ оиди пешгирӣ ва ташхиси саривақтии бемории сиротии Covid-19 тақсим карда шуд.

Қайд намудан зарур аст, ки мутаасифона як қисми аҳолӣ, бахусус ҷавонон хатари паҳнёбии бемории мазкурро нодида гирифта, тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба пешгирии бемории мазкур риоя намекунанд, ки ин амали онҳо ташвишовар мебошад.

Аз ин рӯ аҳли мо омӯзгорон ва донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” аз аҳолии шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда, хоҳиш менамоем, ки одитарин амалҳоро оид ба пешгирии паҳнёбии ин бемории хатарнок, аз ҷумла ба қадри имкон худдорӣ намудан аз ташриф ба ҷойҳои ҷамъшавии одамон, ҳатман шустани дастон, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ ва даст кашидан аз салом кардан ба воситаи дастафшонӣ риоя намоянд, зеро чи тавре, ки мегӯянд саломатии мо дар дасти худи мост. Саломат бошед!

Раиси созмони ҷавонони МДТ
“Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб
ба номи Раҳмонзода Р.А.” Ятимов А.Р.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.