Маъмурият ДИРЕКТОРИМДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ Ш.КӮЛОББА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А.»ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ТИБАЗИЗЗОДА ЗУБАЙДУЛЛО АБДУЛЛО (тав. 20.09.1976, деҳаи Андароби ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб), доктори илмҳои тиб. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010)., Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016), Хатмкардаи факултети муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1999). Аспиранти кафедраи Бемориҳои ҷарроҳияи №1 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1999–2004), муаллим (2004–05), мудири кафедраи тибби оилавии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” (2005–15), муовини директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” (2015-20), директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» (аз с. 2020). Ҳамзамон духтури ҷарроҳи шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи вилоятии бисёрсоҳавии клиникии шаҳри Кӯлоб ба номи А.Ҳақназаров (аз с.2020). Рисолаи номзадиашро доир ба мавзӯи “Ташхис ва табобати решҳои шадиди меъда ва рӯдаи дувоздаҳангӯшта, ки бо хунравӣ оризадор шудаанд” соли 2004 ҳимоя намудааст. Соли 2022 доир ба мавзӯи “Технологияҳои миниинвазивӣ дар ташхиси комплексӣ ва муолиҷаи ҷарроҳии эхинококкози ҷигар ва аворизи он” рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст. Муаллифи 8 китоби дарсӣ барои коллеҷҳои тиббӣ, 2 монография, 5 маводи таълимӣ-методӣ ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ. Ос.: Сестринское дело в семейной медицине. Д., 2010 (ҳаммуаллиф); Кори ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ. Д., 2010 (ҳаммуаллиф); Руководство по паллиативной помощи. Д., 2011 (ҳаммуаллиф); Кор бо оилаҳо. Д., 2013 (ҳаммуаллиф); Консепсияи ҳамшираи тибби оилавӣ. Д., 2013 (ҳаммуаллиф); Фармакология дар тибби оилавӣ. Д., 2014; Ёрирасонии ҳамширагии оилавӣ. Д., 2015 (ҳаммуаллиф); Дастур оид ба ёрии паллиативӣ. Д., 2014.; Эхинококковый абсцесс печени. Д., 2018 (ҳаммуаллиф); Рецидивный эхинококкоз печени. Д., 2018 (ҳаммуаллиф); Думмали эхинококкии ҷигар (ҳаммуаллиф). МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМӢНУРУЛЛОЕВА САРВИНОЗ АҲМАТУЛЛОЕВНА (тав. 02.06.1981, ш. Кӯлоб куч. Исмоилӣ Сомонӣ)., Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013)., Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015)., Хатмкардаи факултети кори табобатии Коллечи тиббии шахри Кулоб(2002)., Хатмкардаи факултети табобатии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2008)., Интернатураро дар таваллудхонаи вилоятии №2 шаҳри Кӯлоб (2009) гузаштааст., Муаллимаи фанни момои ва бемориҳои занона (2009-2011)., Мудири шубаи кори момодоягӣ (2011-2018)., Директори МТҒ Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб (2018-2020)., Декани факултети кори табобати (2020-2021)., Муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ (аз 31.03.2023 то 04.09.2023)., Муовини директор оид ба талим (аз 04.09.2023 то ҳол). МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАРБИЯВӢХУШВАХТЗОДА ГУЛАНГЕЗ ҲИКМАТАЛӢ (тав. 05.05.1992, шаҳри Кӯлоб), Хатмкардаи факултаи Иктисодиёт ва Технологияи Иттилооти ДТМИК (2018). Асистенти кафедраи Технологияи иттилооти дар ДТМИК (2019),Омӯзгори МДТ-и «Коллеҷӣ тиббии шаҳри Кӯлоб (2019 ). Раиси Кумитаи иттифоки касабаи донишчуён дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Рахмонзода Рахматулло Азиз (2019-2023), Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» (аз соли 2023 то ҳол). МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА ИЛМ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢМАҲМУДЗОДА ҚУМРИНИСО НУРАЛИ (тав. 03.01.1967, шаҳри Кӯлоб), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2009), Аълочии фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2012). Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали Хизмати шоиста мукофотонида шудааст (2017), Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2021), Хатмкардаи факултаи Математикаи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1992). мудири китобхона дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб (1993 – 1999). Мутахассис доир ба ҳуҷҷатгузори дар муассисаи «Содирот» — и Вазорати Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000-2002). Омӯзгори МДТ-и «Коллеҷӣ тиббии шаҳри Кӯлоб (2003 – 2011). Унвонҷӯи кафедраи Педагогикаи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2018), Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» (аз соли 2011 то ҳол). МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА ТАЪЛИМИ АМАЛӢ ҶАФАРОВ РУСТАМХОН НАБИХОНОВИЧ (тав. 28.08.1969, шаҳри Кӯлоб), Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2012), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2021), духтури дараҷаи Олӣ, хатмкардаи Омузишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб (1988). Аз 01. 04. 1988 то 11. 12. 1988 дар стансияи ёрии таъҷилии ш. Кӯлоб дар вазифаи фелдшер кор кардааст. Аз соли 1988-1990 дар сафҳои қувваҳои муссалаҳи ИҶШС хизмат намудааст. Мӯдири бӯнгоҳи тиббии муассисаи нақлиётии №5 ш.Кӯлоб дар назди шӯъбаи тандурустии ш.Кӯлоб (1990-1992). Хамткардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино (1999). Омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб (1999 – 2010). Мудири кафедраи «Ҷарроҳия».(2010-2011). Сардори шӯъбаи таълими Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб (2011 – 2013). Аз соли 2013 то ин ҷониб муовини директор оид ба корҳои амалӣ дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» фаъолият карда истодааст. Ҳамзамон дар шӯъбаи урологии беморхонаи вилоятии бисёрсоҳавии клиникии ба номи А. Ҳақназаров ба ҳайси ҳамкор фаъолият карда истодааст . МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ МАЪМУРӢ ВА ХОҶАГӢ НАБИЕВ ШАМШОД АКРАМОВИЧ (тав. 21.07.1991, н.Ш.Шоҳон), Хатмкардаи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2016). Омузгори МТМУ№5- и ш.Кӯлоб (2013-2020). Раиси созмони ҷавонон дар МДТ «Коллеҷи тиббии ш. Кўлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» (2020-2022). Аз 01.11.2022 дар МДТ «Коллеҷи тиббии ш. Кўлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ба ҳайси муовини директор оид ба корҳои маъмурӣ ва хоҷагидорӣ кор ва фаолият карда истодааст. САРДОР ШУЪБАИ ТАЪЛИМЛАТИПОВ САФАРАЛӢ ШЕРАЛИЕВИЧ Соли таваллуд 26 ноябри соли 1983, ҷойи таваллуд н.Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, миллат тоҷик, таҳсилот олӣ. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2022)., Соли 2004 Коллеҷи тиббии ш.Кӯлобро бо тахассуси бародари тибби оилавӣ, соли 2011 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бо тахассуси муаллими биология ва соли 2017 Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистонро бо тахассуси духтури санитарӣ хатм кардааст. Аз 04.09 соли 2020 ба ҳайси сардори шуъбаи таълим дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» кор мекунад. ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ КОРИ ФАРМАТСЕВТӢ НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ПЕДАГОГӢАБДУСАМАДЗОДА БАХТУЛЛО АБДУЛМАРОБ (тав. 04.09.1986, н. Восеъ), Номзади илмҳои педагогӣ. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2009). Духтури таҷрибаомӯз (интернатура) дар Маркази вилоятии бемориҳои чашми шаҳри Кӯлоб (2009 – 2010). Духтури чашмпизишк дар Маркази вилоятии бемориҳои чашми ш.Кӯлоб (2010-2012). Омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб (2012-2013). Мудири кафедраи “Морфология”-и Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб (2013-2015). Декани факултети шабонаи “Кори ҳамширагӣ, кори фарматсевтӣ ва гурӯҳҳои мақсаднок”-и Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб (2015-2018). Декани факултети “Кори ҳамширагӣ”-и МДТ “ Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз (2018-2019). Муовини директор оид ба корҳои таълимии МДТ-и “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” (2019-2021). Декани факултети «Кори фарматсевтӣ”- и МДТ-и “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” (аз с. 2021 то ҳол). Доир ба мавзӯи “Шароитҳои педагогии таъмин намудани муҳити тандурустӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар хонандагони синфҳои ибтидоӣ” рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст (c 2021). Муаллифи 5 мақолаи илмӣ 1 монография: Асосҳои педагогии таъмини муҳити тандурустӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим. Д., 2022; ва 2 китоби дарсӣ барои коллеҷҳои тиббӣ: Физиологияи эътидолӣ. Д., 2015; Муҳити тандурустӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ. Д., 2020. ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ КОРИ ҲАМШИРАГӢ ТАЛАБОВА МОҲИРА НЕЪМАТУЛЛОЕВНА (тав. 01.03.1976, Ш. Кӯлоб), Хамткардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино (1999). Духтури минтақавии дармонгоҳи №2-и ш. Кӯлоб (1999-2000). Омӯзгори кафедраи “Морфология”- и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» (2000-2010). Мудири осоишгоҳӣ кӯдаконаи назди беморхонаи сили №2-и ш.Кӯлоб (2010-2015). Омӯзгори кафедраи “Морфология”- и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» (2015-2017). Декани факултети Кори табобатӣ (2018-2020). Аз моҳи сентябри соли 2020 то ҳол ба ҳайси декани факултети “Кори ҳамширагӣ” кору фаъолият карда истодааст. ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ КОРИ ТАБОБАТӢ ОДИНАЕВ ҶАМШЕД ТОШМАТОВИЧ (тав. 22.04.1993, Н. Ш. шоҳин), Хамткардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино (2017). Духтури таҷрибаомӯз дар Маркази тибби ойлавии ш. Кӯлоб (2017-2018). Аз моҳи сентябрӣ соли 2018 ба ҳайси омӯзгори кафедраи “Морфология”- и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» корро оғоз намуда аз моҳи декабри соли 2020 мудири кафедраи “Фанҳои тибби ” таъин карда шуд. Аз моҳи августи соли 2021 то ҳол ба ҳайси декани факултети “ Кори табобатӣ” кору фаъолият карда истодааст. Ҳамзамон Духтур дар МЁТТ дар ш. Кӯлоб ба ҳайси ҳамкор фаъолият карда истодааст . ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ КОРИ МОМОДОЯГӢ НАЗАРОВА ЗУЛФИЯ САТТОРОВНА (тав. 11.12.1995,шаҳри Кӯлоб),соли 2012 ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дохил шуда соли 2018 донишгоҳи мазкурро бо дипломи аъло хатм намудааст. Соли 2018 ба ординатураи кафедраи “ Акушери ва гинекология”-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дохил шуда, онро соли 2020 бо ихтисоси Акушер-гинекологхатм намудаст. Аз моҳи феврали соли 2021 ба ҳайси омӯзгори кафедраи “Момои ва бемориҳои занона”- и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» корро оғоз намуда аз моҳи марти ҳамон сол мудири кафедраи “Момои ва бемориҳои занона” таъин карда шуд. Аз моҳи августи соли 2021 то ҳол ба ҳайси декани факултети “ Кори момодоягӣ” кору фаъолият карда истодааст. Ҳамзамон Духтур дар Марказӣ перинаталӣ дар ш. Кӯлоб ба ҳайси ҳамкор фаъолият карда истодааст ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ КОРИ ТАБОБАТИ ДАНДОН, ДАНДОНСОЗӢ, ТИББИ ТАШХИСӢ, ТИББИ ПРОФИЛАКТИКӢ ВА КОРИ ҲАМШИРАГИИ ШАБОНА РАҶАБОВА КОМИЛА НАЗИРМАДОВНА (Тав 18.08.1979, ш.Кӯлоб), Хатмкардаи Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб (1996-1999). Хатмкардаи факултаи “Педиатрия”-и Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали Ибни Сино (1999-2005). Духтури беморхонаи кудаконаи Вилояти шаҳри Кӯлоб (2005-2007). Омӯзгори фанни “Анатомияи одам” дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб (2007-2020). Ҷонишини декани факултети кори ҳамширагӣ (2020-2021). Мудири кафедраи “Асосҳои кори ҳамширагӣ” аз 2021-2022). Декани факултети «Кори табобати дандон, дандонсозӣ, тибби ташхисӣ, тибби профилактикӣ ва кори ҳамширагии шабона» дар «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» (2023 то ҳол). Ҳамзамон аз соли 2010 то инҷониб духтури навбатдор дар маркази перинаталии ш. Кӯлоб кору фаъолят карда истодааст. ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ БАЪДИ ХАТМИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ АСОСӢ ВА ТАҲСИЛОТИ ШАБОНА ШАРИПОВА КОМИЛА МАРОЗИҚОВНА (таваллуд 22.5.1982, ш. Кӯлоб), омӯзгори коллеҷ. Хамкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1999–2004). Мудири дорухона (2004–2018), омӯзгор (2018–2021) ва мудири кафедраи фармакология (2021–2022), декани факултети баъди хатми таҳсилоти миёнаи асосӣ ва таҳсилоти шабонаи МДТ «Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» (аз соли 2022 то ҳол).